Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин натиҷаҳои овоздиҳӣ дар Русия


Муҳамадраҳими Сайдар Узви комисиюни эъзомии интихоботи президетии Тоҷикистон ва масъули умури муҳоҷират дар сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммадалӣ Ҷалилов ба радиои Озодӣ хабар дод, ки овоздиҳии пешакӣ дар вилояти Пенза ба охир расид. Вай гуфт дар овоздиҳӣ аз 200 нафари номнависшуда 125 нафар ширкат карданд.

Узви комисиюн ҳамчунин хабар дод,ки таий чор рузи дигар дар шаҳрҳои Оренбург, Омск ва Новосибирск овоздиҳӣ баргузор мешавад ва дарёфти 4 ҳазор рой дар назар аст.

Ҳамзамон Назари Мирзода райиси ҳавзаи интихобтии президенти Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург мегуяд, охирин омодагиҳо барои ройдиҳии муҳоҷирон дар ҳоли анҷом шудан аст.

Лозим ба ёдоварист, ки ройдиҳии пешаки ба интихоботи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон рузи 31 октябр аз бахши сибирии Русия шуруъ шудааст. Ба гуфтаи райиси комисиюни эъзомии интихоботи райиси ҷумҳури Тоҷикистон, муъовини аввали сафири Тоҷикистон дар Русия Зоҳиршоҳ Сайидов ройдиҳии пешакӣ дар Русия дар мутобиқат ба қонуни интихоботии Тоҷикистон баргузор мешавад. Вай ҳамчунин гуфт, ки дар 27 минтақаи Русия овоздиҳии пешакӣ то 5 ноябр ва дар шаҳри Маскав 6 ноябр баргузор мешавад.

Бино ба гузоришоти комисиюни эъзомӣ дар ҳамаи ҳавзаҳо барномаи президентии номзадҳо мавҷуд аст ва ройдиҳандагон метавонанд ба онҳо шинос шаванд.

Аммо ҳамаи ҳамсуҳбатони мо тасдиқ карданд,ки ҳеҷ кадом аз номзадҳо барои мулоқот бо муҳоҷирон ба Русия наомадаанд ва ҳамчунин ба ҷуз Эмомалӣ Раҳмонов дигар номзадҳо дар Русия нозир надоранд.
Бино ба оморҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ дар Русия ҳудудан аз 500 ҳазор то 1 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон кор мекунад. Дар ҳамин ҳол комисиюни эъзомии интихобти президентии Тоҷикистон интизор дорад, ки аз Русия то 200 ҳазор рой ба даст биёварад.
XS
SM
MD
LG