Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ номзадии Ғаффоровро қонунӣ донист


Додгоҳи олии Тоҷикистон даъвои Мирҳусейн Нарзиев, раиси яке аз ду ҷиноҳи Ҳизби сотсиалистро роҷеъ ба он ки Абдуҳалим Ғаффоров, раиси ҷиноҳи дигари ин ҳизб ғайриқонунӣ аз номи ҲСТ ба мақоми раёсати ҷумҳур номзад шудааст, рад кард. Азиза Гадоева, қозии додгоҳ гуфт, оқои Нарзиев дар мавриди даъвои худ далели кофӣ надоштааст.


Нарзиев, зимни аризаи худ ба Додгоҳи олӣ иддао кардааст, ки номзадии Абдуҳалим Ғаффоров ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ аз суи Кумиссюни Марказии Интихобот ғайриқонунӣ сабти ном шудааст. Мирҳусейн Нарзиев мегӯяд, анҷумани Ҳизби Сотсиалистии Ғаффоров рӯзи 16 сентябр, яъне 51 рӯз қабл аз интихобот доир шуда ва ӯро номзад муаррифӣ кардааст, дар ҳоле, ки ин мӯҳлат 50 рӯз қабл аз интихобот таъйин шудааст.

Оқои Нарзиев дар ин маврид номаи таъйдкунандаи раиси маҷмаи Кохи Ваҳдат, макони баргузории анҷумани Ҳизби Сотсиалисти Ғаффоровро ба ҳайси далел пешниҳод кардааст, ки баргузории ин анҷуман дар рӯзи 17 сентябри соли ҷорӣ, яъне 50 рӯз қабл то баргузории интихоботи раёсати ҷумҳуриро рад мекунад.


Оқои Нарзиев мегӯяд, қазияи рад кардани даъвои ӯ ангезаи сиёсӣ дорад. Ӯ меафзояд, ҳукумати Тоҷикистон манфиатдор нест, ки раёсати ин ҳизб зери раҳбарии ӯ бошад. Оқои Нарзиев ҳамчунин гуфт, аз қарори Додгоҳи Олии Тоҷикистон норозист ва ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят хоҳад бурд.
Барот Юсуфӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG