Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олмерт бо Путин дидор кард


Эҳуд Олмерт - нахуствазири Исроил, дар дидоре бо Владимир Путин - раисиҷумҳурии Русия дар Маскав қазияи ҳастаии Эронро баррасӣ кардааст, ки ба гуфтаи вай, "мояи дарди сари ҳамагон аст."


Оқои Олмерт зимни ситоиш аз Владимир Путин суханони раҳбари Русия дар соли гузаштаро ёдоварӣ кард, ки гуфта буд, муносиботи Русия дар Ховари Миёна дигар яктарафа нахоҳад буд. Оқои Путин ба навбаи худ гуфт, ки равобити миёни Русия ва Исроил мубтанӣ бар эътимоди мутақобил аст:


"Тайи солҳои ахир равобити миёни Федеросиюни Русия ва Исроил кайфияти тозае касб кардааст ва ҳокӣ аз эътимоди мутақобили бештар аст. Мо наҳваи бархурдамон бо ҳаммеҳанонамонро, ки аз Русия ва Иттиҳоди Шӯравии пешин барои ҳамеша ба Исроил нақли макон кардаанд, аз беху бун тағйир додем. Мо ҳанӯз онҳоро ҳаммеҳанони худ медонем."


Эҳуд Олмерт тайи ин сафари худ ба Маскав бо Сергей Иванов, вазири дифоъ ва Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия низ дидор хоҳад дошт.


Исроил ба хотири барномаи ҳастаии Эрон хостори эъмоли таҳримҳо алайҳи Теҳрон аст, дар ҳоле ки Русия мухолифи ин иқдом боқӣ мондааст. Эҳуд Олмерт барои бузургдошти понздаҳумин солгарди барқарории муносиботи дипломатӣ миёни Исроил ва Русия вориди Маскав шудааст.
XS
SM
MD
LG