Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирон дар Русия зери сояи танишҳои Маскав-Тифлис


Оқои Путин гуфт, ки дар бозорҳои Русия ҳузури гурӯҳҳои табаҳкор афзоиш ёфтааст ва адами таваҷҷуҳи давлат ба ин мавзӯъ метавонад боъиси бурузи ҳодисаҳои шабеҳи ҳаводиси шаҳри Кандапога шавад:

"Ман аз давлати Русия мехоҳам билофосила тадбирҳои лозимро дар мавриди эъмоли назму тартиб дар бозорҳои умдафурӯшӣ ва хурдафурӯшӣ анҷом диҳад. Давлат бояд ҳузури шаҳрвандони хориҷиро низ танзим кунад. Ҳамчунин давлати Русия бояд масъулияти мудирияти бозорҳо барои нақзи муқуррароти муҳоҷират тавасути мақомоти бозор ва тоҷиронро афзоиш бидиҳад ва муқаррароти раводидро барои хориҷиёне, ки қонунҳои Русияро нақз мекунанд, шадидтар кунад."

Аммо шуморе аз муҳоҷирони тоҷики муқими Русия мегӯянд, ки дар сурати эъмоли маҳдудият ба фаъолиятҳои муҳоҷирон дар ин кишвар бозорҳои Русия латма хоҳад дид. Ба гуфтаи онҳо, ғолибан мардуми бумии Русия моил нестанд дар бозорҳо ва сохтмонсозӣ кор бикунанд. Як муҳоҷири тоҷик дар шаҳри Самараи Русия дар ин бора гуфт:

"Ба назари ман, оқои Путин ин ҳарфҳоро набояд мезад, чунки тамоми шабакаҳои телевизиони Русия инро пахш карданд. Агар давлати Русия мехоҳад, ки муҳоҷирон ба ин кишвар наоянд, бояд бо кишварҳои ҳамсуд раводид бибанданд, то ки муҳоҷирон ба ин ҷо наоянд. "Гурусна бо шер мезанад." То имкон ҳаст, муҳоҷирон ба Русия омада кор мекунанд ва рӯзи худашонро мегузаронанд."

Аммо муҳоҷироне ҳам ҳастанд, ки аз паёмадҳои гуфтаҳои оқои Путин нигарон ба назар намерасанд ва мегӯянд, ки маҳдудиятҳои тоза шомили ҳоли муҳоҷирони тоҷик намешавад, балки бештар рӯи муҳоҷирони гурҷӣ мутамаркиз аст. Яке аз онҳо мегӯяд:

"Давлати Русия моро ҳич азоб надодааст ва давлати Русия аз муҳоҷирон хоҳиш дорад, ки ҳамаро қонунӣ кунанд. Ҳамон маҳсулоте, ки мо меорем, бояд аз таҳқиқи маркази беҳдорӣ бигзарад ва баъдан мо метавонем ин маҳсулотро савдо кунем. Фақат гурҷиҳои бечораро дар инҷо азоб медиҳанд, аммо ба мо ҳич таъсир надорад."

Худи муҳоҷирони гурҷӣ мегӯянд, ки ҳоли онҳо дар Русия ҳамакнун хеле бад шудааст. Ҷони Блиадзе - як муҳоҷири гурҷӣ, ки дар Русия сохтмонсозӣ мекунад, мегӯяд, ки мехоҳад ба Гурҷистон баргардад, аммо наметавонад, зеро ҳамаи роҳҳо бастаанд. Вай худро ба як гаравгон дар Русия ташбеҳ кард ва афзуд:

"Ҳар 5 дақиқа моро пулис нигаҳ медорад ва мегӯяд: "Аз Русия дафъ шавед!" Ҳамон рӯзе, ки дастурҳои мақомот ба пулис расид, шуруъ карданд ба рондан. Ҳама ҳоло метарсанд. Ҳоло ман чизе намехоҳам. Бо русҳо наметавон ба хубӣ ҳарф зад. Онҳо ҳамеша фикр мекунанд, ки русҳо бародарони бузурги моанд ва ҳақ доранд сари бародари хурди худро танбеҳ кунанд. Русҳо мегӯянд, ки мехоҳанд бародарона зиндагӣ кунанд, аммо ин бародарӣ нест, вақте ки шуморо озор медиҳанд."

Як гурӯҳ аз мардуми Русия фикр мекунанд, ки бархурди мақомоти ин кишвар бо мардуми қафқозитабор дуруст будааст. Як марди рус дар Маскав мегӯяд:

"Ба назари ман, мақомоти Русия кори дуруст мекунанд. Рафтори гурҷиҳо таҳриккунанда аст ва Русияро бармеангезанд. Вале ба назари ман, ин масъала ба ҷанҷоли бузург табдил нахоҳад шуд."

Аммо иддае дигар аз мардуми Русия ҳусни нияти худ ба гурҷиҳоро ҳифз кардаанд. Як марди руси дигар мегӯяд:

"Ман аз Ростов ҳастам ва аз хонаводаи як кишоварзи одӣ ва барои ман ҳич чиз иваз нашудааст. Ман қаблан ҳам гармӣ ва самимияти мардуми Гурҷистонро эҳсос мекардам ва ҳамин эҳсосро то кунун дорам."

Аммо рӯёрӯёии тозаи миёни Русия ва Гурҷистон дар Маскав қурбониҳоеро ҳам дарбар доштааст. Ахиран хадамоти муҳоҷират ва пулиси Русия 150 тан муҳоҷири гурҷиро аз Русия ихроҷ карданд ва дар замони ихроҷ як нафар муҳоҷири 37-сола бо номи Тенгиз Тогонидзе, ки гирифтори танги нафас буд, дар фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Маскав ҷони худро аз даст дод.

Рӯзи 16 октябр Владимир Путин - раисиҷумҳурии Русия бори дигар хитоб ба нахуствазири Русия таъкид кард, ки назму тартиб дар бозорҳои Русия ҳар чи зудтар барқарор шавад.
XS
SM
MD
LG