Дар ҳоле, ки дар водии Рашт номзадҳои аҳзоби муддаъӣ ба мақоми раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози фаъолияти таблиғотии худ дарак надодаанд, як гурӯҳи мубаллиғи Ҳизби халқӣ демократии Тоҷикистон ба манзури пешбурди таблиғи номзади худ озими ин минтақа шудааст. Ин ҳайат,ки дар раъси он Шукурҷон Зуҳуров узви Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон қарор дорад, корзори таблиғотии худро аз баргузории як нишаст дар маркази водии Рашт- шаҳраки Ғарм шурӯъ намудааст. Дар ин ҳамоиш оқои Зуҳуров зимни ситоиш аз раиси ҷумҳури феълии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов аз даврони даҳшатбори ҷанги шаҳрвандӣ дар минтақа ёддовар шуд ва дар расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ ва муҳор сохтани оташи ҷанг нақши Эмомалӣ Раҳмоновро калидӣ унвон кард.
Гурӯҳи мубаллиғи эъзомии Ҳизби халқӣ демократии Тоҷикистон қарор ҳамчунин фаъолияти таблиғотии худро дар дигар навоҳии шарқи кишвар низ аз сар гирад.
Гурӯҳи мубаллиғи эъзомии Ҳизби халқӣ демократии Тоҷикистон қарор ҳамчунин фаъолияти таблиғотии худро дар дигар навоҳии шарқи кишвар низ аз сар гирад.