Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тамдиди мӯҳлати сабти номи нозирон аз сӯи КМИР


Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон мӯҳлати аз қабл таъйин намудаи худ барои сабти номи нозирони хориҷиро тамдид сохтааст. Муҳибулло Додоҷонов раиси ситоди Кумисюни марказии интихоботи Тоҷикистон гуфт ин иқдом дар пайи дархости ҳайати Дафтари ниҳодҳои демокротик ва ҳуқуқи башари Созмони амнияту ҳамкории аврупо- ODIHR иттихоз шудааст.


Оқои Додоҷонов афзуд Онно Ван дер Уинд раҳбари ҳайати дафтари мазкур дар нахуст мулоқоти худ бо Мирзоалӣ Болтуев раиси Кумисюни марказии интихоботи Тоҷикистон тақозои тамдиди замони таъйин кардаи КМИР- ро барои сабти нозирони ин ниҳод кардааст.


Ин дар ҳолест, ки аввалин гурӯҳи нозирону коршиносони Созмони амнияту ҳамкории аврупо танҳо баъд аз як ҳафтаи буду бош ва таъсиси ситоди худ дар Тоҷикистон расман дар Кумисюни марказии интихоботи ин кишвар сабти ном шудааст ва ҳанӯз амалан ба маъмурияти интихоботӣ худ напардохтааст. Созмони амнияту ҳамкории аврупо дар маҷмӯъ қасди ширкат додани беш аз 100 нафар нозири худро дар интихоботи моҳи ноябрии раёсат ҷумҳури Тоҷикистон дорад.


Ба иттилоъи Муҳибулло Додоҷонов раиси ситоди Кумисюни марказии интихоботи Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир наздик ба 300 нафар нозири хориҷӣ аз сӯи ин кумисюн сабти ном шудааст.
Рӯиҳамрафта дар интихоботи қарибулвқӯъи президенти Тоҷикистон 700 нозири байналмилалӣ ширкат меварзад. Ҳамчунин гуфта мешавад ин равандро ҳудуди 12 ҳазор нозири дохилӣ ба намояндагӣ аз аҳзоб, созмонҳои ғайридавлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ низ дар манотиқи Тоҷикистон пайгирӣ менамоянд.
XS
SM
MD
LG