Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳазорон муҳоҷири тоҷикро аз Русия рондаанд


Намояндаи вазорати кор ва таъмини иҷтимоъии Тоҷикистон дар Русия Аваз Насибов ба Радиои Озодӣ гуфт, тайи 7 моҳи соли равон аз Русия наздик ба 5 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистонро хориҷ кардаанд ва ҳудуди ҳазор нафари дигар дар зиндонҳои муваққатии Русия дар интизори ҳукми ихроҷи додгоҳ ба сар мебаранд.


Вале мегӯяд намояндаи вазорат, теъдоди атбоъи ихроҷшудаи Тоҷикистон аз Русия дар соли ахир коҳиш ёфтааст. Вай тавзеҳ кард, соли 2004 18 ҳазору 600 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия хориҷ карда шудаанд.


Рӯзномаи "Комсомолская Правда" чопи Маскав рӯзи 12 апрел хабар дод, ки тайи соли равон танҳо аз Маскав 2331 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҷурми нақзи қонуни муҳоҷират ронда шудаанд. Дар феҳрасти тартибдодаи рӯзнома Узбакистон бо 1728 нафар дар ҷойи дуввум, Гурҷистон бо 1151 нафар дар ҷойи саввум қарор дорад.


Соли 2004, моҳи октябр Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмонов руасои ҷумҳуриҳои Русия ва Тоҷикистон дар Душанбе созишномаи танзими муҳоҷират байни ду кишварро имзо кардаанд. Дар дуввумин соли амали созишнома 17 ҳазору 300 муҳоҷири тоҷик аз Русия ронда шудаанд.


Намояндаи вазорати кори Тоҷикистон Аваз Насибов мегӯяд, тайи 2 солу 9 моҳ беш аз 40 ҳазор муҳоҷири тоҷик бо ҷурми надоштани сабти иқомати муваққатӣ ронда шудаанд ва онҳо то 5 сол ҳаққи бозгашт ба Русияро надоранд.
Сабаби коҳиши ихроҷ дар соли 2006-ро намояндаи Тоҷикистон ба мушкили молии ҷониби Русия рабт медиҳад.


Вай мегӯяд, харҷи боздошт ва ихроҷ аз буҷаи Русия пардохта мешавад. Намояндаи вазорати кори Тоҷикистон итминон дорад, ки аз 15 январи соли 2007 бо вориди марҳилаи иҷро шудани қонуни нави муҳоҷиратии Русия мушкили муҳоҷирони тоҷик ҳам осон мешавад. Бино ба қонуни нав, шаҳрвандони кишварҳое, ки бо Русия муқаррароти раводид надоранд, метавонанд, дар ин кишвар то 6 моҳ бидуни сабти иқомат кор ва зиндагӣ кунанд.


Ин дар ҳолест, ки рӯзномаи «Комсомолская Правда» бо ишора ба сиёсатзадагии масъалаи муҳоҷират ва ташдиди тафтиши муҳоҷирон дар ҳошияи ташини сиёсӣ байни Маскав ва Тифлис навиштааст. Дар пайи ҳақталошиҳои Михайил Саакашвилӣ - раиси ҷумҳури Гурҷистон - аввал аз гиребони гурҷиҳо гирифтанд ва пас аз гиребони арманиву тоҷик ва навбати дигарон ҳам хоҳад расид. Вазорати Тоҷикистон теъдоди муҳоҷирони кишвари худро дар Русия наздик ба 500 ҳазор нафар медонад, манбаъҳои ғайрирасмӣ аз 1 миллион сӯҳбат мекунанд.
XS
SM
MD
LG