Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбакистон қимати газро боло мебарад


Ҳукумати Узбакистон бо ирсоли як нома ба мақомоти Тоҷикистон аз афзоиши қимати гази содиротии худ хабар додааст.
Ба иттилоъи ширкати "Тоҷикгаз", ҷониби Узбакистон тақозо кардааст, ки шурӯъ аз моҳи январи соли 2007 Тоҷикистон барои ҳар ҳазор метри мукаъаб гази ин кишвар 100 доллар пардохт кунад. Айни ҳол, ин миқдор газ аз кишвари ҳамсоя бо қимати 55 доллар харидорӣ мешуд.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи масъулони "Тоҷикгаз", қарор аст як ҳайати расмии Тоҷикистон ба манзури ҳалли мушкили пешомада озими Тошканд шавад. Тоҷикистон умдатан гази мавриди ниёзи худро аз Узбакистон харидорӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG