Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Нансмит аз амалкарди вазорати мухобироти Тоҷикистон


Нансмит - Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон бо пахши як баёния аз масдуд гардидани дастрасӣ ба панҷ сомонаи интернетӣ дар қаламрави ин кишвар интиқод ва ин иқдомро навъе талош аз сӯи мақомот дар ҷиҳати маҳдуд сохтани озодии баён дар Тоҷикистон арзёбӣ кардааст.


Нуриддин Қаршибоев раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон бо ишора ба ин баёния ба радиои Озодӣ гуфт: «Иқдоми агентии танзими алоқаи вазорати алоқаи Тоҷикистон оид ба маҳдуд кардани дастрасӣ ба як қатор сафҳаҳои интернетӣ, аз қабили Centerasia.ru, Arianstorm.com, Fergana.ru, Tajikistantimes.ru, Charogiruz.ru ин ба назари мо маҳдуд кардани озодии баён, озодии сухан аст. Ва мо тасмим гирифтем аз ҷониби худамон дар ин робита баёнияе содир намоем ва ин амали агентии алоқаро маҳкум кунем, зеро он поймокунии ҳуқуқҳои конститутсионӣ ва шаҳрвандӣ аст».


Ҳафтаи сипарӣ шуда нашрияи русизабони чопи Душанбе «Бизнес ва политика», матлаберо аз номи раиси ожонси танзимкунандаи иртибототи вазорати мухобироти Тоҷикистон ба нашр расонида буд. Дар ин матлаб аз ширкатҳои фароҳамсози хадамоти интернетии Тоҷикистон тақозо шудааст то вуруд ба панҷ сомонаи интернетӣ дар қаламрави ин кишвар, мушаххсан Centerasia.ru, Arianstorm.com, Fergana.ru, Tajikistantimes.ru,Charogiruz.ru-ро масдуд созанд.

Ба навиштаи «Бизнес ва политика» сомонаҳои интернетии мазкур алайҳи сиёсати давлати Тоҷикистон таблиғот мебаранд ва дар ин замина мақолоти интиқодомез ба нашр мерасонанд.
Маъруф Муҳаммадов раиси ширкати интернетии «Истера» яке аз ширкатҳои фароҳамсози хадамоти интернетӣ дар Тоҷикистон мегуяд ин ширкат номаи махсуси вазорати мухобироти Тоҷикистонро ба таърихи 5 октябр дарёфт кардааст: «Дар ин нома ба тасвиби низомномаи амнияти иттилоъотии Тоҷикистон ишора шуда ва дар ростои он дар назар аст сиёсати давлати Тоҷикистон дар умури амнияти иттилоъотӣ таҳия шавад. Бо таваҷҷӯҳ ба ин тақозо шудааст мо дастрасӣ ба панҷ сомонаи интернетиро дар қаламрави Тоҷикистон масдуд созем»

Ин дар ҳолест, ки мақомоти вазорати мухобироти Тоҷикистон аз шарҳи ин мавзӯъ ва ҳамчунин ироаи ҷузъиёт дар ин замина худдорӣ меварзанд.
XS
SM
MD
LG