Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА умедвор аст, ки интихоботи Тоҷикистон қадаме ба пеш хоҳад буд


Ричард Баучер - дастёри вазири хориҷаи Амрико баъд аз мулоқоташ бо мақомоти Тоҷикистон бо истинод ба суханони Эмомалӣ Раҳмонов - раисиҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки дар ҷумҳурӣ шароити баргузории як интихоботи озод ва одилона вуҷуд дорад. Ричард Баучер изҳори умедворӣ кард, ки интихоботи кунунӣ барои Тоҷикистон як қадам ба сӯи ҷомеъаи демократӣ хоҳад буд. Ин мақоми амрикоӣ афзуд:


«Ба назари мо, ин интихобот як қадам ба пеш хоҳад буд, дар ҷиҳати риояти меъёрҳои байналмилалӣ. Ҳамчунин ба вуҷуд овардан ва таҷрибаи ниҳодҳои демократие хоҳад шуд, ки битавонанд дар оянда ба рушд ва суботи Тоҷикистон мусоидат кунанд.»


Оқои Баучер ҳамчунин афзуд, ки ин интихобот барои ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ як имкони хубест, ки таҷриба биандӯзанд ва роҳҳову усули мубоҳиса ва муборизаро таҷриба кунанд.


Ин дар ҳолест, ҳизбҳои сиёсии мухолифи давлат номзад надоранд ва бархе аз онҳо интихоботро таҳрим кардаанд ва интизор доштанд, ки кишварҳои демократӣ аз таҳаввулоти дохилии ахири Тоҷикистон интиқод хоҳанд кард. Вале Ҳикматуло Сайфуллозода, мудири маркази таҳлилии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон мегӯяд, аз сафари Баучер ба Тоҷикистон аз ин бештар интизоре низ надоштаанд:


«Ман ин гуна интизор ҳам надоштам, ки ӯ меояд ва масъалаи ҷиддиеро матраҳ мекунад. Амрико сиёсати қаблиаш дар муносибат бо раҳбарии Тоҷикистонро идома медиҳад, зеро барномаҳое, ки дар Қирғизистон ва Узбакистон рӯи даст дорад, то кунун ба натиҷа нарасидааст. Дар нисбати Тоҷикистон ҳар барномае дошта бошад, танҳо баъд аз он хоҳад буд»


Дар мулоқоти Ричард Баучер бо Эмомалӣ Раҳмонов ҳамчунин масъалаи ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаҳои мухталиф, аз ҷумла дар арсаи энержӣ низ барасӣ шудааст. Ричард Баучер гуфт, қарор аст ба ин манзур як конфронс баргузор шавад.
Раҳматкарими Давлат, Душанбе
XS
SM
MD
LG