Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ричард Баучер вориди Душанбе мешавад


Қарор аст рӯзи ҷумъа (6 октябр) дар Душанбе Ричард Баучер - дастёри вазири хориҷаи Амрико дар умури Осиёи Марказӣ бо Эмомалӣ Раҳмонов - раисиҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе дидор кунад. Ин дувумин сафари оқои Баучер ба Тоҷикистон тайи соли ҷорист.


Вай ҳангоми мулоқот бо раисиҷумҳурии Тоҷикистон равобити ду ҷониба ва интихоботи қарибулвуқӯъи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ хоҳад кард.


Ричард Баучер тайи ин сафараш ба Осиёи Марказӣ танҳо аз Тоҷикистон дидор хоҳад кард. Оқои Баучер тайи ин дидори дурӯза бо дигар мақомоти давлат ва созмонҳои ғайридавлатӣ низ мулоқот хоҳад кард.


Қаблан оқои Баучер дар мулоқот бо раисиҷумҳурии Тоҷикистон бар демукросӣ ва ҳаққи мардум ба мушорикат дар умури сиёсӣ таъкид карда буд. Ин изҳоротро оқои Баучер дар сафари қаблиаш, ки камтар аз шаш моҳ пеш (8 маи 2006) анҷом шуд, баён карда буд. Тайи он сафар оқои Баучер ҳамчунин гуфт, ки мардуми Тоҷикистон бояд ба матбуъоти озод дастрасӣ дошта бошанд, то битавонанд тамоми назарҳои сиёсии мухталифро бишнаванд. Вай изҳори умедворӣ кард ки кумисиюнҳои интихоботӣ интихоботро дар саросари кишвар ба наҳви мунсифона баргузор кунанд.


Бино ба гузориши сафорати Амрико дар Душанбе, Ричард Баучер дар остонаи сафари қарибулвуқӯъаш ба Тоҷикистон ба таҳкими муносибатҳои миёни Тоҷикистон ва Амрико ва тақвияти усули демократӣ дар остонаи интихобот умедвор аст.
Расули Шодон
XS
SM
MD
LG