Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоизаи Нобел дар риштаи физикаро низ донишмандони амрикоӣ ба даст оварданд


Ҷоизаи имсолаи Нобел дар риштаи физика ба донишмандони амрикоӣ Ҷон Мазер ва Ҷорҷ Смут эъто шуд. Фарҳангистони подшоҳии улуми Шветсия гуфта, ки ин ду донишмандро барои таҳқиқоте, ки ба шиносоии хубтари табиъати Галактика ва ситораҳои осмон мусоидат мекунанд, сазовори ҷоизаи Нобел донистааст.

Ҷон Мазер, ки бо хабаргузории Ройтерс дар шаҳри Ҳайцвилли аёлати Мериленд сӯҳбат мекард, гуфт: "Ман хеле хуш ва дар воқеъ розиям, чунки ин коре буд, ки мо муддати тӯлонӣ анҷом медодем ва акнун кори мо хеле ва хеле аҳамият пайдо кардааст."Таҳқиқоти анҷомдодаи Ҷон Мозер ва Ҷорҷ Смут дар амри тафсири назарияи Биг Банг ё худ "Таркиши Бузург", ки назарияе дар бораи табиати пайдоиши ситораҳост, кӯмак мекунад.

Имрӯз бояд исми барандагони ҷоизаи Нобел дар риштаи химия эълон шавад. Довталабони аслӣ дар ин ришта ҳам донишмандони амрикоиянд. Интизор меравад, ин ҷоиза ба донишмандони биохимия Стюарт Шрейбер ва Гералд Грабтри эъто шавад.

Маъракаи ташхиси исми барандагони ҷоизаҳои Нобел то 13 октябр давом мекунад. Маросими эътои ин ҷоизаҳои ҳар кадом беш аз 1 миллиону 300 ҳазор долларӣ одатан дар поёни сол баргузор мешавад. Барандаи 5 ҷоизаи Нобелро Фарҳангистони улуми Шветсия ва исми барандаи ҷоизаи сулҳи Нобелро Фарҳангистони Норвегия эълон мекунанд.
XS
SM
MD
LG