Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ҲДТ дар Рашт: "Мо аз Собиров тарафдорӣ намекунем"


Бахши раштии Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҷиноҳи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров) мухолифати худро ба пазируфтани Масьуд Cобиров ба симмати раиси ин ҳизб аз сӯи Вазорати адлия эълом кард. Илёсиддин Саидҷаъфаров, раиси бахши раштии ҲДТ дар ин робита ба радиои Озодӣ гуфт, ба фикри ӯ ин тасмим Вазорати адлия «қонуншиканист».


Ҷаноби Саидҷаъфаров афзуд, раёсати ҲД дар Рашт аз номзадии намояндаи ба истилоҳи ӯ, ҷиноҳи Собиров, яъне, номзадии Табаралӣ Зиёев дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ тарафдорӣ нахоҳад кард. Оқои Саидҷаъфаров мегӯяд, то имрӯз аз миёни аъзои ҲД дар Рашт нафаре аз ҷиноҳи Масъуд Собиров ҷонибдорӣ накардааст. Ӯ гуфт, тарафдорони ин ҷиноҳ ба водии Рашт сафар надоштаанд.


Вазорати адлияи Тоҷикистон рӯзи 29 сентябр эълом дошт, анҷумани Масъуд Собиров ва қарори ин анҷуман дар мавриди раиси ҲД интихоб шудани Масъуд Собировро расман эътироф кардааст.
Маҳмуди Шодӣ
XS
SM
MD
LG