Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масъуд Собиров расман раиси ҲДТ шинохта шуд


Вазорати адлияи Тоҷикистон Масъуд Собировро ба унвони раҳбари Ҳизби Демукроти Тоҷикистон шиносоӣ кардааст. Халифабобо Ҳомидов, вазири адлияи Тоҷикистон, бо ирсоли номае ба Кумисиюни Марказии Интихобот аз ин ниҳоди интихоботӣ хостааст, ки ба ҳизби оқои Собиров иҷозаи ширкат ва пешбарии номзад дар интихоботи раёсати ҷумҳурии моҳи ноябрро бидиҳад.


Давлат Сулаймонов, раиси идораи сабти номи аҳзоби сиёсӣ ва иттиҳодияҳои иҷтимоъии вазорати адлия ба Озодӣ гуфт, ҳамоише, ки як гурӯҳи аъзои ҲДТ рӯзи 27 август баргузор карданд ва дар он Масъуд Собиров ба мақоми раҳбарӣ баргузида шуд, ба расмият шинохта шудааст.


Ин ҳизб, ки шаш моҳ пеш ба унвони ҷиноҳи "Ватан" аз баданаи аслии Ҳизби Демукрот ҷудо шуд, дар ҳамоиши ахири худ Табаралӣ Зиёев, як устоди донишгоҳро ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ пешбарӣ кард. Масъуд Собиров бо ибрози хушнудӣ аз тасмими ахири вазорати адлия ба Озодӣ гуфт, ки ҷамъоварии имзо барои сабти номи Табаралӣ Зиёев ба унвони номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ оғоз шудааст.


Аммо Ҷумъабой Ниёзов, раиси бахши суғдии Ҳизби Демукроти Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ва каили мақоми раҳбарии ин ҳизб, дар гуфтугӯе бо Озодӣ ин иқдоми вазорати адлияро ғайриқонунӣ тавсиф кард. Оқои Ниёзов гуфт, ки раёсати ин ҳизб барои баррасии ин мавзӯъ нишасте созмон хоҳад дод ва алайҳи тасмими вазорати адлия шикояти расмӣ хоҳад кард.


Ва дар феҳрести аҳзобе, ки Вазорати адлияи кишвар қабл аз оғози корзори интихоботӣ ба Кумисиюни Марказии Интихобот фиристода буд, номи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ба унвони раҳбари ҲДТ зикр шуда буд.


Бад-ин гуна, шумори довталабони номзадӣ ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ ба шаш тан расид: Эмомалӣ Раҳмонов (ҲХДТ), Амир Қароқулов (ҲКиш.Т), Олим Бобоев (ҲИИТ), Абдулҳалим Ғаффоров (ҲСТ), Исмоил Талбаков (ҲКом.Т) ва Табаралӣ Зиёев (ҲДТ)
XS
SM
MD
LG