Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тоҷикгаз" ду миллион доллар қарзи худ аз "Узтрансгаз"-ро додааст


Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикгаз» нисфи қарзи худ аз «Узтрансгаз»-ро ба маблағи ду миллион доллар пардохт намудааст.


Файёзиддин Содиров, сухангӯи «Тоҷикгаз» ба сомонаи Радиои Озодӣ гуфт, ҳамакнун «Тоҷикгаз» дуюним миллион доллари дигар аз Узбакистон қарздор мебошад. Ва аммо пардохти ду миллион доллари қарз бино бар ҳарфи ҷаноби Содиров бо гирифтани кредит аз бонкҳои дохилӣ муяссар шудааст.


Сухангӯи «Тоҷикгаз» ҳамчунин афзуд, бо анҷоми корҳои таъмирӣ пас аз садамаи шаби сешанбеи лӯлаи газ дар хоки Узбакистон бегоҳи дирӯз меъёри муқаррарии газ аз Узбакистон ба Тоҷикистон (25 ҳазор кубометр дар соат) барқарор шудааст. Ӯ гуфт, корхонаҳои бузургтарини кишвар, корхонаи алюминиюм ва корхонаи семент пас аз таваққуфи якрӯза бо газ таъмин карда шуданд ва интизор меравад, бегоҳи имрӯз реҷаи муқаррарии газ ба хонаҳои мардум низ барқарор шавад. Мувофиқи ин реҷа, дар моҳи шарифи Рамазон ба хонаҳои аҳолӣ субҳ аз соати се то ҳашт ва бегоҳ аз соати чор то ҳашт газ дода мешавад.


Дар ҳамин ҳол, дирӯз бо қарори ҳукумати Тоҷикистон, Ҳусейн Алиев аз вазифаи раиси «Тоҷикгаз» барканор шуда ва дар ин вазифа Фатҳиддин Муҳсиддинов таъин шудааст. Ҷаноби Муҳсиддинов то ба дирӯз муовинати раиси ин корхонаро бар дӯш дошт. Ва аммо дар мавриди иллати барканории ҷаноби Алиев дар фармони раиси ҷумҳур чизе гуфта нашудааст.
XS
SM
MD
LG