Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

80 тан дар Узбакистон аз ҳаққи дарёфт ва ирсоли пул маҳрум шуданд


Ба гузориши бахши узбакии Озодӣ, мақомоти Узбакистон феҳрести номҳои афродеро мунташир кардаанд, ки аз ин ба баъд иҷозаи интиқол ва дарёфти пул аз хориҷро нахоҳанд дошт.


Ин феҳрест шомили беш аз 80 ном аст. Бархе аз онҳо аз ҷумлаи мухолифони саршиноси давлат ва раҳбарони гурӯҳҳои мазҳабии мамнӯъа ҳастанд. Шуморе аз онҳо аз сӯи додгоҳ маҳкум шудаанд.


Ба гузориши як сомонаи интернетии хабарии марбут ба рӯйдодҳои Осиёи Миёна (ferghana.ru), кормандони бонкҳои Узбакистон дастур гирифтаанд, ки дар мавриди ҳар як аз афроди мазкур дар ин феҳрест, ки талош мекунанд маблағеро дарёфт ё ҳавола кунанд, ба мақомот гузориш бидиҳанд.
XS
SM
MD
LG