Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Буш сарони Афғонистон ва Покистонро ба зиёфат хостааст


Президентҳои Иёлоти Муттаҳида ва Афғонистон, Ҷорҷ Буш ва Ҳомид Карзай дар баробари гузоришҳои ахир, ки ҷанги Ироқ ба афзойиши терроризм дар ҷаҳон кӯмак кардааст, як ҷабҳабандии муштарак нишон доданд. Пас аз гуфтушунид дар Кохи Сафед, Карзай гуфт, терроризм ҳанӯз пеш аз ҷанги Ироқ ба ҷисми Афғонистон зарбаҳо задааст.
Буш гуфт, дуруст аст, ки ҷанг дар Ироқ ба як василаи ҷалби террористон табдил ёфтааст, аммо ба як васила дар миёни василаҳои зиёд: "Баъзе мардум аз мӯҳтавои гузориши иктишофи миллӣ ҳадс мезанад ва хулоса мекунад, ки тибқи он ҷанг дар Ироқ як иштибоҳ буд. Ман ҷиддан ба ин мухолифам ва ин андешаро соддалавҳӣ меномам. Ба фикри ман, ин ақида ғалат аст, ки ҳамла ба бадхоҳони мардуми Амрико, гӯё амнияти моро камтар кардааст."
Ишораи Буш ба гузоришест, ки охири ҳафтаи гузашта, матбуот аз он хабар ёфт ва тибқи он ҷанги Ироқ насли нави террористони худҷӯшро ба дунё овардааст. Буш аз талошҳои Карзай дар ҷанги зидди ваҳшатафканӣ ситоиш кард ва Карзай аз кӯшишҳои Иёлоти Муттаҳида дар Афғонистон. Бо ишора ба ташаннуҷҳои ахир миёни Покистону Афғонистон, Буш гуфт, барояш ҷолиб хоҳад буд, шоми чаҳоршанбе ҳангоми зиёфат, муносибати Карзай ва Парвиз Мушаррафро аз наздик мушоҳида кунад.
Дар пайванд ба гузориши хадамоти иктишофии Иёлоти Муттаҳида, ки Буш ба он ишора кард, гуфта мешавад, ҷанг дар Ироқ ранҷиши мусулмонони ҷаҳонро ба вуҷуд овард ва ҷалби афродро ба ҷумбишҳои тундгаро осонтар кард.
XS
SM
MD
LG