Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизби коммунисти Тоҷикистон номзади худро муаррифӣ намуд.


Анҷумани 27-уми Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Исмоил Талбаков намояндаи ин ҳизб дар Маҷлиси намояндагони кишварро номзад барои ширкат дар интихоботи қарибулвуқӯъи раёсат ҷумҳурии ин кишвар пешниҳод кардааст. Ин анҷуман, ки ба пешбарии номзади ин ҳизб ба мақоми раёсатҷумҳурии Тоҷикистон ихтисос дошт, баъд аз зӯҳри шанбе (23 сентябр) дар шаҳри Душанбе баргузор шуд. Интихоботи раиси ҷумҳури Тоҷикистон қарор аст 6 ноябри соли равон баргузор гардад. Ин дар ҳолест, ки Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар интихоботҳои қаблии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 1994 ва 1999 аз номзадии раис ҷумҳури кунунии ин кишвар Эмомалӣ Раҳмонов пуштибонӣ карда буд.
Ба ин тартиб то кунун Ҳизби халқӣ- демократӣ , Ҳизби коммунист, Ҳизби аграрӣ, Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, Ҳизби сотсиалист ва ҷиноҳи расман эътироф нашудаи Ҳизби демократи Тоҷикистон - Ватан барои ширкат дар интихоботи дар пеш истодаи раёсат ҷумҳурии Тоҷикистон номзадҳои эълом доштанд. Фардо Ҳизби демократ ва Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон низ қарор аст дар ҳамоишҳои худ номзадҳои мушаххаси худро ба мақоми раиси ҷумҳури кишвар эълом намоянд.
XS
SM
MD
LG