Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафири Амрико хостори баргузории интихоботи мунсифона шуд


Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Душанбе рӯзи 22 сентябр аз мақомоти Тоҷикистон хост, ки интихоботи озоду мунсифонаи раёсати ҷумҳурии имсолро тазмин кунанд.


Трейсӣ Анн Ҷейкобсон ба бахши тоҷикии Озодӣ дар Душанбе гуфт, 'муҳим' аст, ки давлати Тоҷикистон 'ҳамкорӣ'-ашро бо ҷомеъаи байнулмилалӣ идома диҳад, то корзори интихоботи шашуми ноябр озодона ва ба шеваи демократик анҷом шавад:


"Ҳанӯз номи ҳамаи номзадҳо эълом нашудааст. Аммо пас аз он ки номзадҳо мушаххас шуданд, мо мехоҳем шоҳиди корзори интихоботие бошем, ки ба мардум ҳаққи мушорикат ва ба номзадҳо имкони рақобати мунсифона дар интихоботро бидиҳад. Ин чизест, ки мо аз наздик мушоҳида хоҳем кард. Наҳваи иҷрои ин интихобот нишонаи муҳимме хоҳад буд барои ташхиси омодагии давлати Тоҷикистон ҷиҳати паймудани роҳ ба сӯи демокрасӣ ва ин чизест, ки барои истиқрори дарозмуддати субот ногузир аст."


Рӯзи 17 сентябр чаҳор ҳизби мухолифи давлати Тоҷикистон эълом карданд, ки дар интихоботи қарибулвуқӯъ номзадҳои худро пешбарӣ хоҳанд кард.


Эмомалӣ Раҳмонов, раисиҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз соли 1992 то кунун бар сари қудрати кишвар боқист, ҳанӯз нагуфтааст, ки оё барои даври севвуми раёсати ҷумҳурӣ ҳам ба рақобат хоҳад пардохт ё на. Аксари коршиносони сиёсӣ дар Тоҷикистон бар ин боваранд, ки номзадии ӯ дар интихоботи 6 ноябр низ пешбарӣ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG