Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушарраф: Амрико Покистонро бо бомбборон таҳдид карда буд


Қарор аст рӯзи 22 сентябр Ҷорҷ Буш, раисиҷумҳурии Амрико, дар Кохи Сафед бо Парвиз Мушарраф, раисиҷумҳурии Покистон, дидору гуфтугӯ кунад.


Пештар оқои Мушарраф зимни як мусоҳиба гуфт, дар паи ҳаводиси 11 сентябри 2006 Иёлоти Муттаҳида таҳдид карда буд, ки дар сурати адами ҳамкории Исломобод бо Вошингтон дар заминаи мубориза бо террористҳо Покистонро бомбборон хоҳад кард ва ба асри сангӣ боз хоҳад фиристод.


Раисиҷумҳурии Покистон дар мусоҳибае бо барномаи "60 дақиқа"-и шабакаи Си Би Эси Амрико гуфт, ки ин таҳдид аз сӯи Ричард Армитиҷ, муовини вақти вазири хориҷаи Амрико ба мудири истихбороти оқои Мушарраф дода шуда буд. Қарор аст ин мусоҳиба рӯзи 24 сентябр пахш шавад.


Ин дар ҳолест, ки оқои Армитиҷ дар мусоҳибае бо телевизиони Си Эн Эн иддаъои оқои Мушаррафро такзиб кард ва гуфт, ки ҳаргиз Покистонро бо бомбборон таҳдид накарда ва салоҳияти ин корро ҳам надоштааст. Оқои Армитиҷ гуфт, паёми ӯ ба давлати Покистон ин буд, ки дар набард алайҳи террористҳо Покистон ё бо Амрикост ё алайҳи Амрико.
XS
SM
MD
LG