Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Консерти тоҷикӣ дар Вашингтон


Ню Йорк Латифи Латиф

Нуздаҳуми сентябр дар толори Пажӯҳишгоҳи ба номи Карнегии Вашингтон садои мусиқии тоҷикӣ танинадоз буд. Бори дуввум аст, ки сафорати Тоҷикистон дар Амрико рӯзи истиқлолияти кишварро бо ширкати бо ширкати ҳунармандони тоҷикистониюласл баргузор мекунад. Барои таҷлили понздаҳумин солгарди рӯзи истиқлолияти Тоҷикистон аб Вашингтон аз тамоми гӯшаву канори Амрико форсизабонҳо гирди ҳам омаданд.


Аммо бахши бузурги меҳмононро тоҷикон ва яҳудиҳои бухороии муқими шаҳри Ню-Йорк ташкил медоданд. Дар қатори меҳмонон аз ин шаҳр, намояндагони ҷамъиятҳои сокинони собиқи кишварҳои Осиёи Марказӣ "Ватан", Ҷамъияти яудиёни бухороии Амрико ва як гурӯҳ ҳунармандон буданд, ки намунаҳои либосҳои суннатӣ ва махсуси ҳунарии устодону ҳунармандонро ба намоиш гузоштанд. Дар оғози консерт садои карнаю сурнай ва доираву таблак толорро фаро гирифт.


Ҳангоми ифтитоҳи консерт сафири Тоҷикистон дар Амрико Ҳамрохон Зарипов доир ба пешрафтҳои кишвараш дар 15 соли истиқлол сӯҳбат кард ва меҳмононро бо ҷашни истиқлол табрик гуфт.

Овозхонону навозандагон ба навбат рӯи саҳна меомаданд ва ҳунари хешро намоиш медоданд. Бинандагон ҳар як ҳунармандро бо кафкӯбӣ пешвозу гусел мекарданду баробари аввалин садои шӯхи таронаҳои шӯхи тоҷикӣ ба рақс мепардохтанд.

Дар ин бахши консерт саҳми як гурӯҳи донишҷӯёни тоҷики муҳассили донишгоҳҳои Амрико баланд буд. Ин ҷавонон ба саҳна мебаромаданд ва ҳамроҳ бо ҳунармандони ҳирфаӣ мерақсиданд. Масъулияти баррандагии консертро Борис Катаев - ҳунарманди саршиноси тоҷикистонӣ бар ӯҳда дошт.


Дар консерт Комилҷон Оқилов (аз Самарқанд), София Сафтарова (аз Тошканд), Шарифҷон Темуров (аз Душанбе), Рошел Аминов, Тамара Катаева, Эдуард Абрамов (аз Ню Йорк) ва дастаи рақсии Роҳи Абрешим аз Вашингтон ширкат варзиданд.


Дастаи рақсии Роҳи Абрешим, ки муассисаш Лора Виктория Грей як зани амрикоӣ аст, бештар аз ҳунармандони амрикоиро гирди ҳам овардааст. Ин духтарони бо рақсу оинҳои Ховарзамин дилбастагии зиёд доранд ва мекӯшанд, ҳамаи нозукиҳои санъати рақсро биёмӯзанд.


Интизор мерафт, ки дар консерти бахшида ба ҷашни истиқлолияти Тоҷикистон ҳунарманди шинохта Давлатманди Хол ширкат кунад, аммо дастаи овозхонони фалаки ӯ бинобар дарёфт накардани раводид натавонистааст ба Амрико сафар кунад.
XS
SM
MD
LG