Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Инфиҷори маргбор дар Қазоқистон


Бар асари як инфиҷори маргбори гози метон дар кони ангишти устони Қарағандаи Қазоқистон дастикам 18 коргари маъдан кушта шудаанд. Амалиёти ин конро ширкати "Миттал Стил Термитау", тобеъи бузургтарин тавлидкунандаи пӯлод дар ҷаҳон мавсум ба "Миттал Стил" анҷом медиҳад.


Григорӣ Презент, як мақоми ин ширкат ба хабарнигорон дар Қарағанда гуфт, ки ҷасадҳои 18 коргари маъдан аз зери овор берун оварда шудаааст ва ин ки 25 коргари дигар беномунишон шудаанд. Вай гуфт, умеди ин ки он 25 нафар аз ҳодиса ҷони солим ба дар бурда бошанд, заъиф аст.


Ба ҳангоми инфиҷор дар кон 374 тан саргарми кор буданд. Ин ҳодиса дар жарфнои 620 метрии замин иттифоқ уфтод. Интизор меравад Шалбой Қулмахонов, вазири умури изтирории Қазоқистон, то чанд соъати дигар аз маҳалли ҳодиса боздид кунад.
XS
SM
MD
LG