Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳолати фавқулъода дар Тойланд


Дар паи пахши шоеъоте мабнӣ бар як кудетои низомии қарибулвуқӯъ дар Тойланд Таксин Шинаватра, нахуствазири ин кишвар хостори барқарории ҳолати фавқулъода шудааст.


Вай ҳамчунин ба нирӯҳои худ дастур додааст, ки бидуни иҷоза ба ҷое нараванд. Ин тасмим пас аз он гирифта шуд, ки шуморе аз хабаргузориҳои ғарбӣ хабарҳоеро дар бораи иҳотаи сохтмони давлати Тойланд дар Бангкок тавассути тонкҳо мунташир карданд.


Таксин Шинаватра ҳамакнун барои ширкат дар нишасти Маҷмаъи Умумии Созмони Милал дар шаҳри Нйу Йорк ба сар мебарад.
XS
SM
MD
LG