Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳороти Ҳизби Наҳзат дар мавриди суханронии Попи Рум


Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо пахши як изҳорот суханронии Попи Рум, Бенедикти 16-ро дар мавриди дини Ислом ва паёмбари он, Муҳаммад (С), «Таҳқир ба унвони миллионҳо пайравони Ислом дар саросари ҷаҳон» номид. Бадриддин Ҳалимов, сухангӯйи ҲНИТ ба радиои Озодӣ гуфт, Шӯрои сиёсии ҳизб суханронии Попи Румро шадидан маҳкум карда аз мусалмонони ҷаҳон даъват кард, ки нисбати ин амал хомӯширо ихтиёр накунанд ва қатъан талаб кунанд, ки Попи Рум барои ин иштибоҳаш расман аз мусалмонони ҷаҳон узр бихоҳад.


Дар изҳороти ҲНИТ омадааст, «Мусалмонони ҷаҳон умед доштанд, ки анъаноти наҷибу хайрхоҳонае, ки тӯли қарнҳо дар калисои католикӣ нибат ба Ислом ва пайравони он мавҷуд будааст, идмоа биёбад, аммо мутаассифона чунин нест.»


Таҳлилгарон вокуниши мусалмонони ҷаҳон ва аз ҷумла, ҲНИТ-ро дар баробари суханронии Попи Рум мантиқӣ меноманд. Рӯзноманигор Марат Мамадшоев, аз чунин минбари баланд ва аз ҷониби чунин шахсияти машҳури ҷаҳон насанҷида гуфтани чунин ҳарфро иштибоҳи шадид ва назари кӯҳнашудаи асримиёнагӣ номид.
Сафаргул Олимӣ
XS
SM
MD
LG