Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барномаи ҳастаии Эрон аз пуштибонии ҷунбиши Адами Тааҳҳуд бархурдор шуд


Шоми шанбе (16 сентябр) ширкаткунандагони ин нишаст бо қабули як изҳорот ҳаққи ҳар давлатро барои дастрасӣ ба энержии ҳастаӣ бо ҳадафҳои сулҳомез таъйид намуданд. Дар изҳорот гуфта шуд, ки Ожонси байнулмилалии энержии ҳастаии Созмони Милали Муттаҳид муайян кард, ки кулли гузоришҳои Эрон роҷеъ ба маводди ҳастаиаш бо ҳақиқат созгор аст ва аз ин рӯ наметавонад мояи эҷоди хатар бошад. Санади мазкур аз Эрон тақозо мекунад, ки ба ҳамкории комил бо ин ожонс идома диҳад.
XS
SM
MD
LG