Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барномаи ҳамоиши сарони ҳукуматҳои Созмони Шонҳой


Ҳамоиши панҷуми сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шонҳой ва кишварҳои нозир, ки рӯзи понздаҳуми сентябр дар пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад, бо дидори сарони ҳукуматҳои ин кишварҳо бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов шурӯъ мешавад.


Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон гуфт, дар ин ҳамоиш Вэн Сябао - раиси шӯрои давлатии Чин, Даниел Аҳмадов - сарвазири Қазоқистон, Феликс Қулов - сарвазири Қирғизистон, Михаил Фрадков - сарвазири Русия, Шавкат Мирзиёев - сарвазири Узбакистон ва Оқил Оқилов - сарвазири Тоҷикистон ва ҳамчунин, намояндагони кишварҳои нозир, Ҳиндустон, Ирон, Муғулистон ва Покистон ширкат мекунанд. Қарор аст, дар ҳамоиш масоили марбут ба ҳамкориҳо дар самтҳои ҳамлу нақл, иқтисоду тиҷорат, кӯмакҳои башардӯстона ва маориф, муборизаи муштарак бо терроризм, қочоқи одам ва мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро баррасӣ бишавад.


Бар илова, тибқи барномаи расмӣ, Вэн Сябао - раиси шӯрои давлатии Чин рӯзи 16 сентябр дар маросими ифтитоҳи хатти баландшиддати 500 - километраи барқ дар ҷанубу шимоли кишвар, ки бо пуштибонии молии ҳукумати Чин бунёд шудааст, ширкат менамояд.
Сафаргул Олимӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG