Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди созмонҳои ҳуқуқи башар аз ЮНЕСКО


Брус Панниер Созмонҳои байнулмилалии мудофеъи ҳуқуқи башар аз тасмими Бунёди омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии Созмони Милал (ЮНЕСКО) мабнӣ бар эътои медоли тилои "Боробудур" ба Ислом Каримов, раисиҷумҳурии Узбакистон интиқод мекунанд.

Коичиро Матсуура, дабири кулли ЮНЕСКО рӯзи 8 сентябр дар Тошканд шахсан ин медолро ба раисиҷумҳурии Узбакистон тақдим кард. Далели эътои ин медол талошҳо "барои тақвияти дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни миллатҳо, тавсеъаи гуфтугӯи фарҳангӣ ва мазҳабӣ ва ҳимоят аз танаввуъи фарҳангӣ" унвон шудааст.

Созмонҳои ҳуқуқи башар аз муддатҳо пеш Ислом Каримовро як ноқизи бузурги ҳуқуқи башар номидаанд. Ба гуфтаи онҳо, эътои ҷоизаҳои байнулмилалӣ ба раҳбари Узбакистон кори муносибе нест ва ин ки тасмими ЮНЕСКО на танҳо иштибоҳ буда, балки муғоир бо сиёсатҳои эъломшудаи Созмони Милал аст.

Дар садри ин корзор созмонҳои Хонаи Озодӣ ва Дидбони Ҳуқуқи Башар қарор доранд. Вероника Шенте-Голдсон, мудири ваколати дифоъи Дидбони Ҳуқуқи Башар дар умури Урупо ва Осиёи Миёна гуфт, ки хабари эътои медоли тилои ЮНЕСКО ба Ислом Каримов созмони ӯро такон додааст:

"Мо фикр мекунем, ки ин иқдом расвоиовар аст. Вақте ки бори аввал ин хабарро дидем, фикр кардем, ки ҳатман як шӯхии бад аст."

Дар ҳамин ҳол Александр Гупман, мудири аршади барномарезӣ дар Хонаи Озодӣ гуфт, ки созмони ӯ низ ба ҳамин андоза шигифтзада шудааст:

"Хонаи Озодӣ тасмими эътои ҷоиза ба диктотур Каримовро қавиян маҳкум мекунад. Вай дар куштори мардуми ғайринизомӣ даст дошт. Режими вай ба шиканҷаи мардум ва дигар мавориди нақзи ҳуқуқи башар муттаҳам шудааст."

Медоли Боробудури ЮНЕСКО барои нахустин бор соли 1983 зарб зада шуд ва он бо номи ниёишгоҳи маъруфи буддоиҳо дар маркази шаҳри Ҷовои Индунезӣ мавсум шудааст. Маъбади Боробудур дар хилоли садаҳои 8 ва 9 сохта шуда ва дар даҳаи 1970 бо кумаки ЮНЕСКО тармим шуд. Медолҳои Боробудур аз ҷинси тило, нуқра ва брунз аст ва умдатан ба хотири саҳми шахсиятҳо дар ҳифзи мероси фарҳангӣ эъто мешавад.

Аммо Владимир Сергеев, сухангӯи ЮНЕСКО дар минтақа ҳангоми эъломи хабари эътои медол ба раисиҷумҳур Каримов гуфт, ки аз замони касби истиқлоли Узбакистон дар соли 1991 то кунун давлати ин кишвар барои мараммат ва таъмири маконҳои фарҳангии торихӣ дар ин кишвар, ки дар даврони Шӯравӣ ба онҳо таваҷҷуҳи андак мешуд, корҳои зиёде анҷом додааст. Барҷастатарини онҳо оромгоҳи Гӯри Амир дар Самарқанд - маҳалли дафни Темурланг аст. Дар гузашта он пушти сохтмонҳои маскунии Шӯравӣ пинҳон монда буд, аммо акнун сохтмони он ба музее дар фазои боз мемонад, ки дар имтидоди роҳ ба сӯи майдони Регистон қарор дорад. Регистон ҳам, ки муҷтамаъи мадрасаҳост, тайи 15 соли ахир тармим шудааст.

Оқои Сергеев афзуд:

"Бояд гуфт, ки Коичиро Матсуура, дабири кулли ЮНЕСКО дар поёни дидораш аз Узбакистон ба раисиҷумҳурии кишвар медоли тилои Боробудурро тақдим кард. Ин иқдом ҳокӣ аз тақдири ЮНЕСКО аз саҳми бузурги Узбакистон дар ҳифзи ёдгорҳои фарҳангӣ дар сарзамини ин кишвар аст."

Ҳарчанд тармими ёдгорҳои бостонии Самарқанд ва дигар шаҳрҳои Узбакистон воқеъан ба наҳви зебое анҷом шуда, аммо бархе истидлол мекунанд, ки мараммати он маконҳо ба қимати интиқоли ҳазорон нафар аз хонаҳояшон ба манзилҳое бо шароити бадтар анҷом шуд.

Дигарон ишора мекунанд, ки тармими ин осор бештар ношӣ аз корзори миллигароёнаи давлати Узбакистон аст, то тамоюл ба эҳёи гузаштаи пурифтихори минтақа. Бархе аз донишварон иддаъо мекунанд, ки Темурланг, ки акнун ин ҳама ба унвони падари миллати узбак таблиғ мешавад, дар асл узбактабор набуда, ҳарчанд дар Шаҳрисабз ба дунё омада буд.

Барои созмонҳои Дидбони Ҳуқуқи Башар ва Хонаи Озодӣ ҳифзи осори торихӣ далели муваҷҷаҳе барои эътои ҷоиза ба Ислом Каримов маҳсуб намешавад. Ҳоли Картнер, мудири иҷроии Дидбони Ҳуқуқи Башар дар баёнияе навиштааст, ки "замон ва талоши зиёде мехоҳад, то асароти вайронгари ин тасмими амиқан иштибоҳи ЮНЕСКО хунсо шавад." Ба гуфтаи вай, аз ҳамин ҳоло Ислом Каримов истифодаи таблиғотӣ аз ин рӯйдодро оғоз кардааст ва дарёфти медоли ЮНЕСКО-ро нишоне аз таъйиди сиёсатҳои саркӯбгаронааш арзёбӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG