Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ба Ҷоми ҷаҳон - 2007 роҳхат гирифт


Тими мунтахаби навҷавонони Тоҷикистон ба мусобиқоти қаҳрамонии футболи ҷаҳон байни бозигарони зери 17-сола, ки соли 2007 дар Куриёи Ҷанубӣ баргузор мешавад, роҳхат гирифт.

Футболбозони навҷавони тоҷик ба чунин комёбӣ нахустин бор дар мусобиқоти қаҳрамонии футболи Осиё миёни бозигарони зери 17-сола дар Сингопур даст ёфтанд. Дастаи Тоҷикистон, ки дар гурӯҳи «В» мақоми аввалро касб кард, шоми 11 сентябр дар бозии чаҳорякниҳоӣ бар тими Куриёи Ҷанубӣ бо натиҷаи 1 бар 0 пирӯз шуд. Голро дар дақиқаи 81-ум Фарҳод Восиев ба ҳадаф расонд.
Бозиҳои дигари чаҳорякниҳоӣ бо чунин натиҷаҳо хотима ёфтанд: Жопун - Эрон - 1 : 1 (аз рӯи пеналти - 8 : 7), Арабистони Саудӣ - Сурия - 1 : 2, Чин - Куриёи Шимолӣ - 1 : 2.
Бад-ин тартиб дар бозиҳои ниманиҳоӣ рӯзи панҷшанбеи 14 сентябр Тоҷикистон бо Куриёи Шимолӣ ва Жопун бо Сурия рақобат мекунанд.Бар асоси низомномаи мусобиқот ин чаҳор дастаи беҳтарин қораи Осиёро дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон миёни навҷавонони зери 17-сола, ки соли 2007 дар Куриёи Ҷанубӣ доир мегардад, намояндагӣ хоҳанд кард. Дастаи Куриёи Ҷанубӣ бо вуҷуди он ки дар бозии чаҳорякниҳоӣ шикаст хӯрд, ҳамчун мизбон дар сабқати ҷаҳонии навҷавонон ширкат меварзад.
Бозӣ барои ҷойи 3-юм ва бозии ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Сингопур рӯзи якшанбеи 17 сентябр баргузор мешаванд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали бозиҳои гурӯҳҳо ба таври зайл аст:
Гурӯҳи «А»
Жопун - Непал - 6 : 0, Куриёи Ҷанубӣ - Сингопур - 3 : 1,Сингопур - Жопун - 1 : 1, Непал - Куриёи Ҷанубӣ - 0 : 2, Жопун - Куриёи Ҷанубӣ - 3 : 2, Сингопур - Непал - 0 : 0.
1.Жопун - 7 имтиёз (3 бозӣ). 2. Куриёи Ҷанубӣ - 6 (3). 3. Сингопур - 2 (3). 4. Непал - 1 (3).
Гурӯҳи «В»
Тоҷикистон - Ироқ - 1 : 0, Ирон - Яман - 1 : 0, Тоҷикистон - Ирон -
2 : 1, Яман - Ироқ - 1 : 1, Тоҷикистон - Яман - 4 : 3, Ирон - Ироқ - 0 : 0.
1.Тоҷикистон -9 (3). 2. Ирон - 4 (3). 3.Ироқ - 2 (3). 4. Яман - 1 (3).
Гурӯҳи «С»
Куриёи Шимолӣ - Арабистони Саудӣ - 1 : 2, Мянма - Куриёи Шимолӣ - 2 : 6, Арабистони Саудӣ - Мянма - 5 : 0
1.Арабистони Саудӣ - 6 (2). 2. Куриёи Шимолӣ - 3 (2). 3.Мянма - 0 (2).
Гурӯҳи «D»
Чин - Сурия - 1 : 0, Бангладеш - Вйетнам - 0 : 2, Сурия - Бангладеш -
7 : 0, Вйетнам - Чин - 3 : 3, Чин - Бангладеш - 5 : 0, Сурия - Вйетнам -
2 : 0.
1. Чин - 7 (3). 2. Сурия - 6 (3). 3.Вйетнам - 4 (3). 4. Бангладеш - 0 (3)
XS
SM
MD
LG