Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

IAEA имрӯз ба баҳси Эрон шурӯъ мекунад


Шӯрои ҳуккоми Созмони байналмилалии назорати нирӯи ҳастаӣ имрӯз дар Вена ба баҳси барномаҳои ҳастаии Эрон мепардозад. Ин дар ҳолест, ки дирӯз дар Вена музокироти дурӯзаи раҳбари ҳайъати музокиротии Эрон Алии Луриҷонӣ бо раҳбари идораи сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо (ИА) Хавйер Солана ба поён расид. Солана ин даври гуфтугӯро пурмаҳсул баҳо додааст. Луриҷонӣ гуфт, дар натиҷаи сӯҳбат баъзе сӯъитафоҳумҳои мавҷуда байни тарафҳо рафъ шуданд. Тафсилоти дигаре дар бораи натоиҷи музокирот ба даст наомада ба ҷуз ин ки ҳарду ҷониб аҳд кардаанд, ки ҳафтаи оянда дубора мулоқот кунанд.

ИА музокирот бо Эрон бар сари роҳи ҳалли бӯҳрони ҳастаии он кишварро хеле ҷиддӣ унвон кардааст.
Матти Ваҳанен, сарвазиир Финландия, ки раёсати давраии ИА-ро бар ӯҳда дорад, дар ҳошияи анҷумани ИА ва кишварҳои Осиё дар Ҳелсинки гуфт, лозим аст ки ин музокирот то замони ба қатъи фаъолиятҳои ғанисозиии ураниумаш мутақоид сохтани Эрон идома ёбад. ИА дар ивази қатъи фаъолиятҳои ғанисозии ураниумаш, ки ША СММ талаб мекунад, ба Эрон ваъдаи имтиёзҳои фанниву молӣ ва тиҷоратӣ додааст.

Аммо Амрико мехоҳад ША аз ҳамин ҳафта ба баррасии масъалаи эълони таҳримот алайҳи Эрон шурӯъ кунад. Вошингтон Теҳронро айбдор мекунад, ки дар зери либоси барномаҳои ҳастаӣ мехоҳад ба тавлиди силоҳҳои ҳастаӣ даст ёбад. Аммо Теҳрон ин иттиҳомро ҳамеша радд карда, мегӯяд, барномаҳои ҳастаиро танҳо ба хотири даст ёфтан ба тавлиди нирӯи ҳастаӣ пеш мебарад.
XS
SM
MD
LG