Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Солгарди панҷуми ҳамлаҳои террористии 11 сентбяр


Имрӯз ба ҳамлаҳои террористии рӯзи 11 сентябр алайҳи Амрико, ки мунҷар ба ҳалокати беш аз 3 000 нафар ва оғози ҷанги ҷаҳонии алайҳи террор шуд, 5 сол пур мешавад. Субҳи 11 сентбяри соли 2001 ду ҳавопаймои мусофирбар, ки ҳамлагарон ба даст оварда буданд, ба ду сохтмони осмонбӯси Маркази ҷаҳонии тиҷорат дар Ню-Йорк бархӯрд. Дар асари ин ду ҳамла ҳарду сохтмон ба замин яксон шуда ва наздики 3 000 нафар ба ҳалокат расиданд. Ҳавопаймои севвуми ҳомили мусофирон соъате баъд болои Пентагон, вазорати дифоъи Амрико дар Вошингтон ҳамла оварда, ҳавопаймои чорум дар як саҳрои Пенсилвания суқут кард. Масъулияти анҷоми ин ҳамлаҳои террористиро билофосила ба шабакаи Ал-Қоида ва раҳбари он Усома Бин Лоден бор карданд ва дар пайаш амалиёти ҷаҳонии зиддитеррор ба раҳбарии Амрико дар Афғонистон шурӯъ шуд.

Дар остонаи солгарди панҷуми ҳамлаҳои рӯзи 11 сентябр президенти Амрико Ҷорҷ Буш бо ҳамсараш Лаура дар пояи сохтмонҳои собиқи Маркази ҷаҳонии тиҷорат гулчанбар гузошт. Қарор аст, Ҷорҷ Буш имрӯз аз мавокини мавриди ҳамалот қароргирифта зиёрат карда ва шоми имрӯз дар бораи сабақҳои 11 сентябр суханронӣ кунад. Исми тамоми қурбониҳои он ҳамалот имрӯз дар пои Маркази ҷаҳонии тиҷорат қироъат карда хоҳанд шуд.

Вазири хориҷаи Амрико Кондолиза Райс гуфт, баъди панҷ соли он ҳамлаҳо Амрико амнтар шуда, вале амнияташ ҳанӯз ҳам комил нест. Ноиби раисиҷумҳури Амрико Дик Чейни бо ҳимоят аз талошҳои маъмурияти кишвар гуфт, бо шарофати тақвияи барномаҳои дифоъӣ аз 11 сентябри соли 2001 ба ин ҷониб дигар ҳамлае болои Амрико сурат нагирифтааст. Аммо мухолифини Ҷорҷ Буш аз ҳизби демократ мегӯянд, ки ӯ ҳамлаҳои рӯзи 11 сентябрро ба хотири амалӣ гардондани қасдҳои сиёсиаш сӯъиистифода кардааст.

Назархоҳиҳои анюҷомшуда ҳокист, ки шумори ҳарчӣ камтари амрикоиҳо ба амнтар шудани Амрико бовар доранд. Рӯзномаи "Вошингтон Пост" дирӯз навишт, воҳидҳои вижаи масъули таъқиби Усома Бин Лоден дар бораи тайи беш аз 2 соли охир дар куҷо ба сар бурдани ӯ маълумоти қобили эътимоде ба даст наовардаанд.

Ба ҳар сурат, ҳамлаҳои 11 сентябр ва таҳаввулоте, ки дар пай дошт, харитаи геополитикии ҷаҳонро ба гунаи ҷиддие тағйир доданд. Давлати Толибон дар Афғонистон шикаст хӯрд. Кишварҳои Осиёи Марказӣ бо ризоияти Русия ба ҳузури низомии кишварҳои ғарбӣ дар қаламравҳои худ иҷозат доданд ва пойгоҳҳои Амрико дар Узбакистону Қирғизистон мустақар шуданд. Узбакистон соле пеш хаттимашҳои сиёсати хориҷии худро дигарбора табдил ва пойгоҳи низомии Амрикоро аз қаламраваш хориҷ кард. Вале як воҳиди низомии артиши Фаронса бо ҷамъе аз ҷангандаҳои навъи Мираж то кунун дар фурудгоҳи Душанбе, пойтахти Тоҷикистон мустақаранд.

Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай дирӯз дар баёнияе марбут ба солгарди панҷуми ҳамлаҳои 11 сентябр аз Амрико барои қурбониҳое, ки дар ҷанг алайҳи Толибон ва Ал-Қоида додааст, изҳори сипос намуд. Карзай мегӯяд, ҷанг алайҳи терроризми байналмилалӣ бояд ба қувваи бештар идома ёбад.
XS
SM
MD
LG