Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътои ҷоизаҳои давлатӣ ба чеҳраҳои саршиноси тоҷик


Дар остонаи ҷашни истиқлоли Тоҷикистон рӯзи сешанбе (5 сентябр) Эмомалӣ Раҳмонов, раисиҷумҳурии Тоҷикистон ба панҷ тан аз адибони тоҷик ҷоизаи давлатии Рӯдакиро тақдим кард.


Ба муносибати понздаҳумин солгарди ҷашни истиқлол дар Кохи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон маросими эътои ҷоизаву унвонҳо ва нишонҳои ифтихорӣ ба чеҳраҳои саршинос дар риштаҳои мухталиф баргузор шуд. Аз ҷумла шоъир Гулрухсор, ҳунаршинос Низом Нурҷонов, адибон Низом Қосим ва Саттор Турсун, оҳангсоз Талаб Сатторов ҷоизаҳои Рӯдакиро дарёфт карданд.


Бону Гулрухсор бо сипос аз ҷоиза дар гуфтугӯе бо Озодӣ гуфт:


"Суҳбат аз ҷоиза нест. Ман ҷоизаамро рӯзе гирифтам, ки дар хоки Тоҷикистон аз як модари тоҷик ба дунё омадам ва лолоии форсии тоҷикӣ шунидам ва ба ҳамин забон гуфтугӯ мекунам, шеър менависаму шеър мехонам... Бузургтарин ҷоиза ҳамин аст. Ва агар боз ҷоизаи дигаре ҳам аз сӯи ҷомеъа ё давлат ё аз сӯи замон дода мешавад ва агар ин ҷоиза боз ба номи устод Рӯдакӣ бошад, ман фикр мекунам, ки боъиси ифтихор аст."


Аммо бону Гулрухсор афзуд, ки агар фаъъолияти Кумитаи ҷоизаи Рӯдакӣ мунсифона буд, ӯ солҳо пеш бояд ба дарёфти ин ҷоиза сазовор дониста мешуд. Вай хостори таҷдиди назар дар сохтори Кумитаи ҷоизаи Рӯдакӣ шуд ва гуфт, ки беҳтар аст ба мисли гузашта худи давлат вазифаи эътои ҷоизаҳоро ба дӯш бигирад.


Бад-ин гуна рӯзи 5 август беш аз сесад тан аз равшанфикрони тоҷик нишонҳои Исмоъили Сомонӣ, Дӯстӣ, Спитамен ва унвонҳои Ҳунарманди шоиста ва Ҳунарманди мардумиро дарёфт карданд.
Сафаргули Олимӣ
XS
SM
MD
LG