Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тағйирот дар тартиби баргузории интихобот


Дар нахустин ҷаласаи Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон дар тартиби баргузории интихоботи раёсати ҷумҳур чанд тағйирот ворид карда шуд. Аз ҷумла, нозирон ва хабарнигорони расонаҳои хабарӣ бояд на камтар аз 20 рӯз пеш аз рӯзи баргузории интихобот ба қайд гирифта шаванд.


Ин дар ҳолест, ки дар интихоботи гузашта нозирон ва журналистон то як рӯзи пеш аз интихобот ба қайд гирифта мешуданд. Ҳамзамон, дар тартиби пур кардан ва мӯҳр гузоштани баргаҳои интихоботӣ дигаргуниҳо ворид карда шуд. Бар илова, санади натоиҷи интихобот тӯли 3 рӯз дар девори ҳавзаҳои интихоботӣ овехта хоҳад шуд.


Тибқи иттилоъи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, дар интихоботи раиси ҷумҳурӣ беш аз 600 нозири дохиливу хориҷӣ ширкат хоҳанд кард, ки ин шумор як баробар бештар аз интихоботи гузаштаи порлумонӣ будааст. Бино ба маълумоти ҳамин манбаъ, ҷаласаи ояндаи Комиссияи маркзаии интихобот рӯзи 15 сентабр баргузор хоҳад шуд.
Сафаргул Олимӣ
XS
SM
MD
LG