Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустини дидори сафири нави Амрико бо раисиҷумҳурии Тоҷикистон


Хонум Трейси Анн Ҷейкобсон, сафири ҷадиди Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон баъд аз зуҳри душанбе (4 август) бо Эмомалӣ Раҳмонов, раисиҷумҳурии Тоҷикистон дидор мекунад ва устуворномаи худро месупорад.




Хонум Ҷейкобсон пеш аз Тоҷикистон дар сафири Амрико дар Туркманистон буд. Қаблан, барои муддати се сол дар Летунӣ (Латвия) ва пеш аз он ба унвони муъовини мудири иҷроия дар Шӯрои Амнияти Миллӣ дар Кохи Сафед кор кардааст. Трейси Анн Ҷейкобсон ҳамчунин дар кишварҳои Куриёи Ҷанубӣ, Нассау, ҷазираҳои Боҳомо ва Русия низ фаъолияти диплумотик доштааст.




Бино ба гузоришҳо, дар ҷараёни дидори сафири нави Амрико бо раисиҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин масоили марбут ба ҳамкориҳои миёни ду кишвар матраҳ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG