Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

6 ноябр - интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон


Маҷлиси Олии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки интихоботи раёсати ҷумҳурии кишвар рӯзи 6 ноябри соли 2006 баргузор шавад.


Дар ҳамин рӯз давраи дуввуми раёсатҷумҳурии Эмомалӣ Раҳмонов ба поён хоҳад расид. Тибқи қонун интихоботи раёсати ҷумҳурӣ бояд на дертар аз ду моҳ то поёни салоҳиятҳои раиси ҷумҳурии феълӣ баргузор шавад.


Эмомалӣ Раҳмонов, раисиҷумҳурии феълии Тоҷикистон, аз соли 1992 бад-ин сӯ дар сари қудрат аст. Соли 1994 дар Тоҷикистон мақоми раёсати ҷумҳурӣ эҳё шуд ва ҳамзамон бо он Эмомалӣ Раҳмонов бори нахуст барои панҷ сол ба ин маснад баргузида шуд. Интихоботи дуввуми президентии Тоҷикистон дар соли 1999 баргузор ва Эмомалӣ Раҳмонов бори дигар ба ин симмат интихоб шуд.


То имрӯз танҳо ҳизбе, ки дар мавриди номзадаш ба хулосаи ниҳоӣ расидааст, Ҳизби ҳокими халқи демократ аст. Чанд рӯз пеш Давлаталӣ Давлатов - муъовини ҲХДТ дар гуфтугӯ бо Озодӣ гуфт, ки танҳо номзади ин ҳизб Эмомалӣ Раҳмонов хоҳад буд. Ва аммо қарор аст, пешбарии соири номзадҳо дар ҳамоишҳои аҳзоби сиёсӣ дар моҳи сентябр сурат бигирад.
XS
SM
MD
LG