Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чеченҳо ба Лубнон мераванд?


Нашрияи Der Tagesspiegel, чопи Берлин бо такя ба манбаъҳои худ дар Маскав навиштааст, ки ба ҷануби Лубнон низомиён аз манотиқи мусалмоннишини Русия, аз ҷумла, аз Чеченистон фиристода хоҳанд шуд. Ҳамчунин мавзӯъи ба ин неруҳо шомил кардани низомиён аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки айни ҳол тибқи қарордод дар артиши Русия хизмат мекунанд, баррасӣ мешавад. Нашрия афзудаст, ки бо фиристодани неруҳо ба ҷануби Лубнон Маскав, аз як сӯ, аз интиқоди Гурҷистону Молдова дар мавриди фаъолияти неруҳои посдори сулҳи кишвар дар Абхазистон, Осетияи ҷанубӣ ва Приднестровие раҳо меёбад ва аз сӯи дигар, ҳузури низомиёни Чеченистон дар Лубнон зери парчами Русия шояд боиси тағйири назари Ғарб дар мавриди сиёсати Кремл оид ба ин ҷумҳурии Қафқози шимолӣ гардад.
То ҳанӯз Русия дар робита ба шомил кардани низомиёнаш ба UNIFIL барои назорати оташбас миёни артиши Исроил ва гурӯҳи Ҳизбуллоҳ тасмими ниҳоӣ нагирифтааст. Қаблан Сергей Иванов, муовини сарвазири ва вазири дифоъи Русия гуфта буд, ки кишвараш сари мавзӯъи шомил кардан ё накардани низомиёнаш ба ҳайати UNIFIL андеша мекунад. Ва аммо Павел Фелгенгауер, коршиноси мустақили рус дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Родиёи Озодӣ иттилоъ дар мавриди фиристодани низомиёни мусалмонтабори Русия ба ҷануби Лубнонро зери шубҳа гузошт:

Дар артиши Русия ягон неруи посдори сулҳи мусалмонӣ ва умуман ягон сохтори низомии мусалмонӣ мавҷуд нест. Фақат дар вилояти Саратов як бригадаи посдори сулҳ иборат аз 2 ҳазор низомӣ мустақар аст, ки ҳамаи онҳоро ба ҷануби Лубнон фиристодан имкон надорад, зеро онҳо бояд табдил шаванд ва ҳамзамон таълим ва тамринҳояшон идома ёбанд, аз ин рӯ Русия метавонад то 500 сарбоз бифиристад. Айни ҳол бархе аз неруҳои дигар низ ҳастанд, аз ҷумла, гурӯҳи Мадаев, ки расман шомил ба вазорати дифоъ аст, ва аммо он ҷо афсарон ва умуман фармондеҳоне, ки забони инглисиро худ донанд, нестанд. Ва барои амалиёти посдории сулҳ фиристодани афроде, ки забони инглисиро намедонанд, имкон надорад.

Аз Павел Фелгенгауер суол кардем, оё фиристодани низомиён аз Чеченистон имконпазир аст? Бархе аз таҳлилгарон мегӯянд, ки ба Лубнон фиристодани ин неруҳо метавонад Русияро аз интиқоди минбаъдаи Ғарб дар мавзӯъи Чеченистон эмин нигаҳ дорад...

Шояд Рамазон Қодиров мехоҳад, ки рақибони ӯро ба Лубнон фиристанд, зеро онҳо, ки ба баталёни Шарқу Ғарб шомиланд, рақибони Рамазон Қодиров дар Чеченистон маҳсуб мешаванд. Ва фиристодани онҳо ба Лубнон нуфуз ва мавзеъи Рамзан Қодировро дар Чеченистон қавитар хоҳад кард. Аз ин рӯ, шояд ӯ мехоҳад, ки ин баталёнро бифиристанд ва аммо, аз як сӯ, шояд вазорати дифоъ ба ин розӣ набошад ва сониян, ин низомиён барои ширкат дар неруҳои посдори сулҳ аслан омода нестанд. Барои ин неруҳо сарбозонро ҷудогона омода мекунанд. Аслан, метавон гурӯҳҳои нави низомиро омода кард ва аммо барои ин вақт зарур аст.

Ёдовар мешавем, тибқи қатъномаи Шӯрои Амнияти Созмони милал барои назорати оташбас миёни Исроил ва гурӯҳи Ҳизбуллоҳ ҳудуди 15 ҳазор низомиёни кишварҳои гуногун ба ҷануби Лубнон фиристода мешаванд. То имрӯз чанд кишвари мусалмоннишин барои шомил кардани низомиёнашон ба ҳайати ин неруҳо изҳори омодагӣ кардааст.
Кишварҳои аврупоӣ хостори интиқоли ҳудуди 7 ҳазор низомии худ ба ҷануби Лубнон шуданд. Итолиё - довталаби сарварии UNIFIL - аз 2 то се ҳазор низомии худро ба Лубнон мефиристад. Фаронса эълом дошт, ки ду ҳазор афсару сарбози худро ба ин неруҳо шомил хоҳад кард. Интизор меравад Испания ба ҷануби Лубнон аз 1000 то 1200 низомияшро равона кунад.
XS
SM
MD
LG