Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳматулло Валиев: "Яке аз номзадҳо ман ҳастам"


Маъсумаи Турфа Дар ҳоле, ки то баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон каме бештар аз ду моҳ боқӣ мондааст, ба назар намерасад, ки ҳеҷ як аз аҳзоби сиёсии мухолифи давлат бо шитоб дар ҳоли омодагӣ ба корзори интихоботӣ бошад. Маъсумаи Турфа, раиси бахши тоҷикии Радио Озодӣ, ки ин рӯзҳо дар Душанбе ба сар мебарад, талош кард, дар гуфтугӯҳои ошкор бо раҳбарони аҳзоби Тоҷикистон мавзеъгирӣ ва барномаҳои онҳо дар остонаи интихоботро ошкор кунад. Гуфтугӯ бо Раҳматулло Валиев, ноиби раиси Ҳизби Демократи Тоҷикистон.

Маъсумаи Турфа: Аввалин суоле, ки ман аз шумо дорам, ин аст, ки кондиди Ҳизби демократ барои интихоботи раёсатҷумҳурӣ, ки фақат ду моҳ бештар ба он намондааст, кӣ касе ҳаст?

Раҳматулло Валиев: Ҳизби демократи Тоҷикистон якчанд номзад дорад ва дар садорати Ҳизби демократ мо сари ин масъала ҳарф задем. Он, ки кадом номзад бояд пешбарӣ шавад, анҷумани ҳизб инро муайян мекунад. Ва фикр мекунам, ки анҷумани ҳизб моҳи сентябр баргузор мешавад.

Маъсумаи Турфа: Оё худи шумо кондид ё номзади раёсати ҷумҳурӣ ҳастед?

Раҳматулло Валиев: Ман фикр мекунам, ки ман яке аз номзадҳо ҳастам ва анҷуман аз байни номзадҳои буда якеро интихоб мекунад.

Маъсумаи Турфа: Агар қарор бошад, ки шумо номзад бошед ва шуморо интихоб кунанд, оё шарти мушаххасе хоҳед дошт?

Раҳматулло Валиев: Шартҳое, ки Ҳизби демократ пешниҳод кардааст, фикр мекунам, барои ҳар як номзаде, ки аз тарафи Ҳизби демократии Тоҷикистон пешниҳод мешавад, ин шарт ҳамон мемонад. Барои он, ки он номзад номзади ҳизби демократи Тоҷикистон аст ва шартҳо ҳам шартҳои Ҳизби демократ аст.

Маъсумаи Турфа: Ба ҳар ҳол, ҳар касе, ки номзади Ҳизби демократ бошад барои интихоботи раёсатҷумҳурӣ, бо мушкили муҳимме мувоҷеҳ хоҳад буд ва он ҷамъоварии 160.000 имзо барои таъйид гирифтан аст. Оё шумо агар номзад бошед ё каси дигар агар номзад бошад, Ҳизби демократ оё хоҳад тавонист, ки ин теъдоди имзоро ба даст орад?

Раҳматулло Валиев: Бале, нисбат ба имзое, ки номзад бояд ба тарафдории худ ҷамъоварӣ кунад, мо пештар ҳам гуфта будем ва имрӯз бояд 160.000 имзо ба тарафдории номзад ҷамъ карда шавад.

Маъсумаи Турфа: Аммо ин ҷиноҳе, ки шумо раҳбарии онро доред, бо мушкили бештаре мувоҷеҳ аст, ба хотири он ки ҷиноҳи дигар, ки Ватан аст, он аз пуштибонии давлат бархурдор мебошад ва дар натиҷа мумкин аст, ки механизмҳои лозим ба нафъи он ҷиноҳ чархонида бишаванд ва шумо натавонед он 160.000 имзоро ба даст оред. Оё фикру истротежии вижае барои муқобила ё пешгирӣ дар чунин як ҳол доред?

Раҳматулло Валиев: Ман фикр мекунам, баъд аз он, ки анҷуман нафареро пешниҳод кард, мо ҳоло бо созмонҳои ноҳиявӣ кор карда истодаем, ва ба ҳар яки ин созмонҳо як миқдори муайяни овозҳоро вобаста кардаем, ки дар кадом минтақа чӣ қадар имзо ҷамъ оварда шавад. Имрӯз ҳарчанд мо дар бораи интихобот кам ҳарф мезанем, аммо кор карда истодаем. Ва қариб ҳар рӯз дар қароргоҳи ҳизб нисбат ба ин масъала мо гуфтугузор дорем. Ва онҷо бисёр чизҳое ҳаст, ки ҳоло шарт нест, онҳоро рӯйрост гуфтан.

Маъсумаи Турфа: Аммо дар шароите, ки ҳизб бештар аз се ҳазор узв шояд надошта бошад, вақте аз берун нигоҳ мекунӣ, ба назар менамояд, ки ҷамъоварии 160.000 имзо шояд кори хеле мушкил бошад барои Ҳизби демократ. Ҳамин тавр нест?

Раҳматулло Валиев: Бале, бале, Ҳизби демократи Тоҷикистон имрӯз зиёда аз чор ҳазор узв дорад ва қисме аз аъзои мо имрӯз дар Русия мебошанд. Мо ба кумисюни марказии интихобот ҳам як дархосте фиристодем, ки он нафароне, ки дар Русия мебошанд, кӣ ба онҳо коғаз медиҳад ва кӣ имзои онҳоро тасдиқ мекунад.

Маъсумаи Турфа: Оқои Валиев, яке аз мушкилоти умдаи Ҳизби демократ ин аст, ки дар нахустин солҳои даҳаи навад ин ҳизб яке аз қавитарин аҳзоби Тоҷикистон буд ва дорои кадрҳое буд, ки таҳсилкарда, равшанфикр ва дар сатҳи боло буданд, ва корҳои бисёр хубе ҳам карданд, аммо аз соли 1994 бад ин тараф ҳамеша дар ҳолати дудастагӣ будааст ва як бӯҳрони раҳбарӣ ба наҳве онро ҳидоят мекард, ва акнун ки ҷаноби Искандаров ҳам дар зиндонанд ва эҳтимолан 23 соли дигар ҳам дар зиндон хоҳанд буд, ин бӯҳрон эҳтимолан ба авҷ расидааст, бахусус, ки як ҷиноҳе аз ин ҳизб дар ҳоли рафтан аст ва бештар моили ҳимоят аз давлат аст, шумо оё ягон истротижие доред барои мубориза бо ин бӯҳрони раҳбарӣ?

Раҳматулло Валиев: Агар суханро аз ҷаноби Искандаров шурӯъ кунем, хубтар мешавад. Вақте додгоҳи олии ҷумҳурии Тоҷикистон ҳукми худро баровард, дар як нишасти матбуотӣ ман гуфтам, ки Муҳаммадрӯзӣ Искандаров - раиси ҳизби демократии Тоҷикистон 23 сол дар зиндон намешинад. Ва асоси ин фикри ман ин аст, ки ба зиндон кашидани Искандаров характери сиёсӣ дорад. Мо ба ҳамаи ташкилоти байналмилалӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи инсон муроҷиат кардем ва фикр мекунам, ки дар комиссияи ҳуқуқи инсони Аврупо, комиссия оид ба ҳуқуқи инсон дар Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои бонуфузи ҳуқуқи башар ин масъала баррасӣ мешавад ва фикр мекунам, ки қазияи Искандаров ба некӣ анҷом меёбад, фикр мекунам, Искандаров озод мешавад ва ба ҳизб мепайвандад.
Дуруст аст, ки дар аввали солҳои навад бисёр шахсони равшанфикр, бофарҳанг, олимон дар сафи ин ҳизб буданд. Ба он хотир буданд, ки ин мардум аз давлати тоталитарии Шӯравӣ дилзада буданд ва мехостанд, ки як ҳизбе ё созмоне бошад, ки дар гирди он ҷамъ бошанд ва аз ҳамин ҷомеаи тоталитарӣ озод шаванд. Ва ҳамин ҳизб Ҳизби демократ буд. Ва Ҳизби демократ аввалин ҳизбест, ки дар давраи Шӯравӣ ташкил шудааст ва аз тарафи вазорати адлияи Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст.

Маъсумаи Турфа: Шумо чӣ кор мехоҳед бикунед барои бозгардондани онҳо?

Раҳматулло Валиев: Дар Тоҷикистон имрӯз ҳашт ҳизби сиёсӣ ҳаст. Ва ин мардум имрӯз дар ин ҳашт ҳизб тақсим шудааст. Дар он солҳо фақат як Ҳизби демократ буд. Аз ин чиз набояд ҳаросид, зеро Ҳизби демократии Тоҷикистон он мавқеъ ва он стратегияе, ки пеш дошт, аз он даст накашидааст. Новобаста аз он ки ҳар як раҳбари ҳизб ба маҳбас кашида шудааст ё аз Тоҷикистон фирорӣ шудааст. Мисол меорем, Шодмон Юсуфов, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ намекунад, Ҷумъабой Ниёзов, ки яку ним - ду сол зиндонӣ буд ва имрӯз Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ҳам зиндонӣ аст.

Маъсумаи Турфа: Дубора чун номи оқои Искандаровро овардед, шумо гуфтед, ки умедворед, озод бишаванд ва бипайванданд ба ҳизб. Яъне қабл аз интихобот ба назари шумо?

Раҳматулло Валиев: Ман фикр мекунам, ки додгоҳи аврупоӣ оид ба ҳуқуқи инсон то оғози интихоботи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ин масъаларо баррасӣ намояд. Ва яке аз дархостҳои вакили мудофеъи Искандаров дар Маскав ҳам ин аст, ки Искандаров, ки яке аз рақибони асосии сиёсии ҷаноби Раҳмонов аст, ба хотири дар интихобот ширкат накардан ба зиндон кашида шудааст, ва барои ҳамин ҳам то интихобот ин масъала баррасӣ шавад.

Маъсумаи Турфа: Бар ҳар ҳол, ҳатто замоне, ки оқои Искандаров буданд, ин бӯҳрони раҳбарӣ, яъне дуҷиноҳӣ вуҷуд дошт, шумо лутфан мегӯед, ки боз чӣ кор хоҳед кард?

Раҳматулло Валиев: Он душохагӣ ва гуногунақидагӣ сабабаш он аст, ки ин Ҳизби демократ аст ва иҷозат медиҳад, ки инҷо равшанфикрҳо бошанд, озодандешҳо бошанд ва дар оинномаи ҳизб ташкили ҷиноҳ низ иҷозат шудааст. Дар дигар аҳзоб чунин нест. Сабаб ин аст, ки дар дохили ҳизб (манзур: ҳизби демократӣ) демократия аст.

Маъсумаи Турфа: Дуруст аст, ки метавонад аломати демократия дар дохили ҳизб бошад, аммо дар ин ҳол, аломати ошуфтагӣ ҳам ҳаст, ки ҳар лаҳза дудастагӣ ба вуҷуд биёяд?

Раҳматулло Валиев: Бале, сабаби дигари он ки имрӯз Ҳизби демократии Тоҷикистон ба ин чиз рӯбарӯ шудааст, ин камбизоатии худи ҷомеаи Тоҷикистон мебошад. Аъзои Ҳизби демократии Тоҷикистон ҳам шаҳрвандони Тоҷикистонанд. Вақте ба шавҳрандоне, ки имрӯз камбизоатанд, касе маблағе пешниҳод мекунад ва гурӯҳеро ҷамъ карда аз ҳизб мебарорад - ин кори хуб нест.

Маъсумаи Турфа: Ҳизби демократ ва ё шахси шумо агар кондиди ин ҳизб бошед, дар интихобот бо чӣ платформае ҷулӯ хоҳед рафт, яъне муҳимтарин масъалае, ки шумо рӯи он таъкид хоҳед кард ва онро бар мардуми Тоҷикистон матраҳ хоҳед кард, он муҳимтарин масъала кадом аст?

Раҳматулло Валиев: Агарчанде ҳар як шарҳванди Тоҷикистон дар забон инро нагӯяд, дар дил инро дорад, пеш аз ҳама ин маҳалгароӣ. Маҳалгароӣ касали саратон дар ҷомеа шудааст ва аз он ду мушкили дигар мерӯяд: камбизоатӣ ва фасоди молӣ. Агар мо дар Тоҷикистон аз ин бемории маҳалгароӣ халос шавем, ин ду масъалаи дигарро низ ҳал карда метавонем. Ин аст платформаи мо.

Маъсумаи Турфа: Чӣ тавр метавонед бо маҳалгароӣ мубориза кунед, ин бисёр сахт аст.

Раҳматулло Валиев: Агар намояндагони Ҳизби демократии Тоҷикистон ба сари ҳокиямити сиёсӣ оянд, пеш аз ҳама масъалаи кадр бояд ҳал шавад. Новобаста аз маҳал, новобаста аз миллат, новобаста аз дин кадрҳо бояд ба таври озмун ба мансабҳо таъин шаванд. Дуюм, масъалаи интихобот, бояд раисони вилоят ва шаҳрҳо бевосита аз тарафи мардум интихоб шаванд.

Маъсумаи Турфа: Ман ин калимаро бисёр мешунавам, маҳалгароӣ. Ва мехоҳам бифаҳмам, ки манзури шумо аз ин ки маҳалгароӣ дар Тоҷикистон бисёр зиёд аст, чист?

Раҳматулло Валиев: Мисол, вазоати молия, вазорати корҳои дохилӣ, вазорати амният, вазорати дифоъ ва дигар вазоратҳое, ки барои Тоҷикистон тақдирсозанд, бояд аз рӯи маҳал интихоб нашаванд. Бояд, ки аз рӯи тахассус интихоб шаванд ва таъин шаванд. Ва худи он вазирон, он роҳбарон бояд на ба президент, балки ба мардум хидмат кунанд. Онҳо на ба президент, балки ба сарқонун бояд қасам ёд кунанд.

Маъсумаи Турфа: Чӣ мавзӯъ, ё хат ё платформаи сиёсӣ Ҳизби демократро аз Ҳизби сотсиал-демократ ва аз Ҳизби халқӣ -демократӣ ҷудо мекунад? Вижагии ҳизби шумо дар чист?

Раҳматулло Валиев: Фикр мекунам, ки беҳтарин фарзандони Тоҷикистон соҳиби мансаб бошанд, метавонанд, ки дар шохаҳои ҳокиямити давлатӣ ҷо бигиранд, махсусан дар шохаи ҳокимияти давлатии қонунгузор. Интихобӣ будани ҳамаи сатҳи ҳокимияти давлатӣ, аз ноҳия сар карда то вилоятҳо. Ин дар барномаи ҳизби мо ҳаст ва ҳизби ҳоким, ҳизби халқӣ-демократӣ чунин надорад, Дар бораи сиёсати иқтисодӣ бошад, мо пурра тарафдори иқтисоди бозорием. Бозоре, ки бо қонунҳо танзим шавад. Замин тақсим кардан, 10-15 гектар ва як каланд ба дасти деҳқон додан ин маънои онро надорад, ки мо ба бозори иқтисодӣ гузаштем. Имрӯз тамоми корхонаҳоро ба хешу табор фурӯхтем ва ин корхонаҳо, ки имрӯз кор намекунанд, ин маънои онро надорад, ки мо хусусигардонии моликияти амволи давлатӣ кардем ва ба иқтисоди бозорӣ гузаштем.

Маъсумаи Турфа: Шумо барои мубориза бо фақр чӣ пешниҳоде доред, чӣ фикре доред?

Раҳматулло Валиев: Асоси фақр - фасоди молӣ аст ва барои мубориза бо он пеш аз ҳама шаффофияти кори ҳокимияти давлатӣ лозим аст. Бояд, ки дар ҳамаи сатҳи ҳокимияти давлатӣ шаффофият таъмин шавад. Яъне, он қарзҳои беруна, он грантҳое, ки аз берун дохил мешавад, буҷаи Тоҷикистон чӣ хел сарф мешавад, бояд шаффофияти ҳамаи ин таъмин шавад. Ва барои таъмини ин шаффофият бояд расонаҳои хабарии мустақил бошад. Ҳеҷ гоҳ васоити ахбори оммаи давлатӣ шаффофиятро таъмин карда наметавонанд. Ман фикр мекунам, ду нашрияи мустақил метавонад бештар аз кумитаи назорати молия кор кунад. Натиҷа ҳам медиҳад.

Маъсумаи Турфа: Мушкили умдаи дигар барои мардуми Тоҷикистон газ ва барқ аст. Мебинем, давлат мегӯяд, ки мардум бояд мувозиб бошанд, ки мумкин аст, имсол низ мардум дар зимистон бо мушкили зиёд мувоҷеҳ бошанд. Дар пушти ин мушкил албатта равобит бо Узбакистон аст, ки дар соли гузашта каме печида будааст. Шумо чӣ роҳи ҳаллеро пешниҳод мекунед барои беҳбуди равобит бо Узбакистон?

Раҳматулло Валиев: Ман фикр мекунам, ки бо Узбакистон дар баробари ҳамаи давлатҳои ҷаҳон муносибати нағз бояд дошта бошем. Зеро Узбакистон бо мо ҳамсоя аст, ва он ҳамсояест, ки намешавад онро тағйир дод. Роҳҳои дипломатӣ бояд ёфт, ки бо Узбакистон кор кард. Дуюм масъала он аст, ки ҳокимияти сиёсии Тоҷикистон бояд камтар боҷуръат бошад. Захираи оби Осиёи Марказӣ асосан дар ҳудуди Тоҷикистону Қирғизистон аст, ва бъад аз он ки Узбакистон вориди Евразэс шуд, он ҷо масъалагузорӣ шуд, ки об бояд ба ҳамаи давлатҳои муштаракулманофеъ баробар тақсим шавад. Пас бояд роҳбарияти сиёсии Тоҷикистон боҷуръатона масъалагузорӣ мекард, ки агар об ин манбаъи табиӣ бошад, пас газ ва нефт ҳам манбаъи табиӣ аст ва инро ягон кас истеҳсол намекунад ва бояд баробар тақсим шавад.

Маъсумаи Турфа: Дар сиёсати байналмилалӣ агар нигоҳ кунем, шумо дар мавриди Амрико, Русия ва ё дигар кишварҳо ва ё созмонҳои байналмилалӣ, ки фикр мекунед, барои Тоҷикистон манофеъи бештареро хоҳанд овард, кадомҳоро интихоб мекунед?

Раҳматулло Валиев: Мо дар сояи ягон давлати абарқудрат набояд монем, ба он хотире, ки агар дар зери сояи фақат як давлат бошем, инро бояд донем, ки ин давлат ҳамаи шартҳои худро бар мо мегузаронад. Агар мо бо ҳамаи давлатҳо дӯстӣ дошта бошем, пас ягон давлат наметавонад, ки фақат ҳарфи худро бар мо гузаронад.

Маъсумаи Турфа: Ташаккури зиёд оқои Валиев.
XS
SM
MD
LG