Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози ҳамоиши муштараки порлумонҳои Тоҷикистону Русия


«Тоҷикистон - Русия: Дурнамои ҳамкориҳои минтақаӣ» - зери ин унвонм дар шаҳри Душанбе ҳамоиши муштараки порлумонҳои ду кишвар шурӯъ шуд.


Эмомалӣ Раҳмонов, раисиҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар маросими оғози ҳамоиш ширкат дошт, ба сатҳи феълии ҳамкориҳои ду кишвар баҳои баланд дод, аммо афзуд, ки дар Русия аз Тоҷикистон тасвири муносибе ироа намешавад. Вай гуфт, дар Тоҷикистон барои рушди бештари ҳамкориҳо байни Тоҷикистону Русия дар заминаҳои мухталифи иқтисодӣ шароит фароҳам оварда шудааст.


Бино ба омори расмӣ, мизони табодули коло миёни Тоҷикистону Русия аз аввали соли ҷорӣ ба рақами зери 250 милюн дулор расидааст ва беш аз 220 милюни онро воридоти амвол аз Русия ба Тоҷикистон ташкил додааст.


Раисиҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ин ҳамоиш барои ҳамкориҳои мутсақими Тоҷикистон бо манотиқи Русия заминаи бештари ҳуқуқӣ фароҳам хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG