Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Фошизми исломӣ", яъне чӣ?


Як изҳори назари кӯтоҳи Ҷорҷ Буш, раисиҷумҳурии Омрико, дар рӯзи 10 август мавҷи тӯлоние аз вокунишҳоро дар пай дошт. Вай дар бораи хабаре суҳбат мекард, ки тавтеъаи хунсошудаи бумбгузорӣ дар даҳ ҳавопаймои бритониёӣ унвон мешавад:

"Боздоштҳои ахире, ки мардуми мо хабарашро ҳоло дарёфт мекунанд, як ёдоварии қавии дигар аст, ки миллати мо дар ҳоли ҷанг бо фошистҳои исломист. Ҷанг бо афроде, ки ҳозиранд ба ҳар василае одамони озодидӯстро аз байн бибаранд."

Сайри тунду тези як иборат

Иборати "фошистҳои исломӣ", ки оқои Буш ба кор бурд, дар ҷаҳони ислом ҳам танин андохт ва албатта, танине манфӣ. Чун бисёре аз мусалмонон ва шуморе аз ғайримусалмонон мухолифи корбурди иборати "фошисми исломӣ" ҳастанд. Ҳарчанд, бояд гуфт, ки аз ин иборат дар гузашта ҳам борҳо истифода шуда ва ҳоло ҳам мешавад.

Пеш аз идомаи баҳс хоҳиш мекунам таъассубро канор бигзорем ва фақат ба суханони ҳар ду тараф гӯш бидиҳем, ки кӣ чи мегӯяд.

Торихчаи иборат

Ҳамон тавре ки ёд шуд, ин истилоҳро Ҷорҷ Буш зарб назадааст, балки он дар гузашта низ вуҷуд дошт ва раисиҷумҳурии Омрико дар гузашта низ аз он истифода карда. Корбурди ин истилоҳ аз сӯи раисиҷумҳурии Омрико ин мавзӯъро барои муддате табдил ба хабар кард. Вагарна дар гузашта ҳам афроде буданд, ки дам аз "фошизми исломӣ" мезаданд. Масалан, Франк Гаффни, раиси Маркази сиёсати амниятӣ дар Вошингтун дар китоби худ низ аз ин истилоҳ истифода карда ва дар тавҷеҳи истифода аз истилоҳи "фошизми исломӣ" мегӯяд:

"Ман китобе навиштаам бо ҳамдастии шуморе аз ҳамкоронам зери унвони "Даҳ қадаме, ки Омрико бояд дар ҷанг барои ҷаҳони озод бардорад". Дар ин китоб мо талош кардаем тавзеҳ диҳем, ки ин ҷанг, дар воқеъ, ҷанге барои дастёбӣ ба ҷаҳони озод аст. Ва мо боз ҳам бо як идеулужии худкома рӯбарӯ ҳастем ва ин бор мо ин навъи тафаккурро "фошизми исломӣ" меномем. Ин навъи тафаккур дар кишварҳои бисёре дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла дар худи Омрико ҳузур дорад. Барои набард бо як чунин душман бояд вижагиҳои онро дарк кард. Ин тарзи тафаккур сиришти идеулужик дорад, ҳарчанд зери пӯшиши мазҳабӣ пинҳон шудааст ва мардумро дар мавриди сиришти он дучори тардид кардааст."

Дигарон чӣ мегӯянд?

Ҳоло ин дидгоҳро бо шуморе аз соҳибназарони тоҷик дар миён мегузорем. Зиё Абдуллоҳ, шоъир ва рӯзноманигори тоҷик ахиран дар матбуъоти Тоҷикистон ба унвони касе матраҳ шуда, ки дар бораи ислом дидгоҳҳои интиқодомезе дорад. Ҳоло бибинем, ки вай то чи андоза бо истифода аз таъбири "фошизми исломӣ" мувофиқ ё мухолиф аст.

З. Абдуллоҳ: "Ҳаргиз дуруст нест, ки чунин таъбир нисбат ба як гурӯҳи гаравандаи дини, хоҳ ислом ва хоҳ насорӣ, ба кор бурда шавад. Хосса, ки аксари мусалмонон мардуми ориёианд ва инҳо ҳамеша дар ҷаҳон дар тарғиби фарҳанги баланд ва тарбияти андешаи баланд кӯшидаанд. Ва худоро ҳам худои ҷону хирад гуфтаанд. Фошист зодаи тӯдаи авбош аст, ки муътақид ба ҳич дин ё сиёсати солим нест. Вожаи "фошист" барои ман маънии берун аз ботини инсониро дорад, яъне касе, ки ботини инсонӣ надорад."

Ва аммо...

...дар як сомонаи интернетие, ки комилан ба мавзӯъи "фошизми исломӣ" ихтисос дорад, тавҷеҳи корбурд аз ин истилоҳро ин гуна мебинем:

"Фошизми исломӣ дорои сиришти комилан фошистист. Он демукросиро хор медонад ва аз озодии баён ва ҳуқуқи башар безор аст. Ин дидгоҳ саршор аз ҳисси нафрат ба яҳудиҳо, бединҳо, ҳамҷинсгароён ва занони озод аст."

Нигоҳе дигар

Ин бор суроғи Акбари Турсонро мегирем, донишманди тоҷики муқими Омрико:

А. Турсон: "Аввал бояд гуфт, ки ин фикри худи ҷаноби Буш нест. Он бофта ва сохтаи як идда идеулугҳои омрикоист, ки ду-се соли ахир аз тариқи расонаҳои гурӯҳӣ пайваста талқину таъкид мешавад. Исломофашизм ҳатто ба сафаҳоти маҷаллаҳои илмӣ ҳам роҳ ёфтааст. Дар ҳоле ки аз назари илмию торихӣ ин истилоҳ куллан беасос ва бебақост. Чи расад ба оқибатҳои нохуши сиёсии истифода аз он. Аз ин рӯ, шунидани чунин истилоҳи бебунёд ва бебақо аз забони сарвари як давлати абарқудрат мавриди таъаҷҷуб ва таассуф аст."

Ва сипос...

...аз таҳаммул барои шунидан (ва хондан)-и назарҳое, ки шояд то андозае барои бархе аз азизон озордиҳанда буд. Фарҳангу Андеша дар ин маврид ҳич изҳори назаре намекунад ва андеша дар ин мавридро ба шумо во мегузорад. Чи чизе боъис шуда, ки ин таъбир, яъне "фошизми исломӣ" ба вуҷуд омадааст? Назаротатонро ба нишонии tajik@rferl.org бифиристед.

Фарҳангу Андешаи ин ҳафта мавзӯъҳои гунагуни дигаре ҳам дошт, ки сари фурсат бо шумо рӯи ин сафҳа дар миён хоҳам гузошт. Ва боз ҳам, агар иштиёқатон барои шунидани ҳамаи мавзӯъоти он фаровон аст, нишони баландгӯ дар канори унвони ин матлаб дар хидмати шумост.

То фурсате дигар, падруд.

Назарҳои хонандагону шунавандагон:

Салом. Ман як фарди мусалмон пас аз шунидани ин лаҳҷаҳои дурушт ва зишт аз забони як шахсияти шинохташудаи ҷаҳон, ки лоиқ нест бо ин истилоҳот сухан рондан. Бале, пештар ҳам ин истилоҳотро истифода мебурд, ҳатто "ҷанги салибӣ" ҳам гуфта буд, ки ин ҳама барои муташанниҷ кардани вазъият буд дар ҷаҳони исломӣ. Мо, мусалмонон, албатта, ин сифатҳоро, ки ба мо медиҳад, рад мекунем, валекин агар бо чашми ҳақиқат назар бикунем, кист фашист? Худи онҳо ҳастанд, ки фашиствор ба дигар давлатҳо ҳуҷум оварда истодаанд бо даъвои озодӣ ва демукросӣ ва ҳуқуқи башар. Ҳол он ки дар худи Амрико инсон ҳуқуқ надорад. Назар кунед ба зиндонҳои Амрико, ба Гуантанамо...
Marak
__________________________

Ба коргирии истилоҳи "фошизми исломӣ" аз сӯи Буш тасодуфӣ набуд,..ки зангӣ ба шустан нагардад сапед. Ин бори аввал нeст, ки ин гуна ҳарфҳои чирту пирт аз забони ин ҷаноб метаровад. Агар ёдатон бошад, пас аз ҳодисаи 11-септомбр низ Буш алайҳи мусалмонон "Ҷанги салибӣ" эълом карда буд ва баъдан расонаҳои хабарии Амрико ҳай ранг заданд, то худро аз ин хиҷолат берун кашанд. Хулоса, нафси империолисм ҷанг, таҷовуз, ғорат ва саркӯби дигар миллатҳост. Ҳол бо фурӯпошии "каммунисм" империолисми ҷаҳонӣ дунболи баҳона барои сарпӯш гузоштан ба чеҳраи воқеъии худ дар назди ҷомеъаи ҷаҳонӣ мегардад. Ин ғӯли саркаш афъоли зотии худро бар дигарон барчасп мезанад, то заминаи тавсеъаталабии худро дар ҷаҳон тавҷеҳ намояд. Пӯшида нeст, ки имрӯз пӯётарин ва зиндатарин мактаб дар ҷаҳон Ислом аст ва сардамдорони империолисми ҷадид талош мекунанд ба ҳар василае ин мактаби илоҳӣ ва пайравони онро бадном кунанд. Бинобарин, ҳарфҳои Буш тасодуфӣ нест, балки вай муҷрии тарҳест,ки сарнавишти "каммунисм" дар интизораш аст!..
Фирдавс, Миср
XS
SM
MD
LG