Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Заминларза Тоҷикистонро такон дод


Рӯзи ҷумъа Тоҷикистонро як заминларзаи нерӯманди шаш баллӣ такон дод, аммо ба гуфтаи мақомоти расмӣ, гузорише доир ба харобиву талафот нарасидааст. Ин заминларза тақрибан соати панҷи бегоҳ ба вуқӯъ пайвастааст ва маркази он дар 10 15 километрии ҷанубушарқи Душанбе будааст.

Охири моҳи июн дар ҷануби Тоҷикистон як заминларзаи харобиовар сабаби марги 3 кудак ва захмӣ шудани 19 тани дигар шуд. Ин заминларза ҳамчунин 600 хонаро хароб кард ва садҳо нафарро бехонаву дар гузошт.
XS
SM
MD
LG