Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешнависи қатъномаи Ховари Миёна таҳия шуд


Маргарет Бекетт, вазири хориҷаи Бритониё мегӯяд, ки Фаронса ва Иёлоти Муттаҳидаи Омрико бар сари тарҳи қатъномае, ки бо ҳадафи таваққуфи хунрезиҳо дар Лубнон ва Исроил таҳия шуда, ба тавофуқ расидаанд. Бону Бекет гуфт, ки соири аъзои Шӯрои Амнияти Созмони Милал ин пешнависро дертар барои раъйдиҳӣ дарёфт хоҳанд кард.


Тарҳи қатънома ба Исроил ва Лубнон расидааст, аммо ба гуфтаи бону Бекетт, бониёни ин тарҳ дар паи чандин рӯзи гуфтушунуд бо раҳбарони ду кишвар тасмим гирифтаанд, ки сарфи назар аз вокуниши онҳо ба тарҳи ниҳоӣ ин санадро рӯи мизи Шӯрои Амният бигзоранд. Шон Маккормак, сухангӯи вазорати хориҷаи Омрико гуфт, ки Кондолиза Райс, вазири хориҷаи Омрико аз ин тарҳ истиқбол кардааст.


Оқои Маккормак ин тарҳи қатъномаро "як гоми мусбат ба пеш" унвон кард ва афзуд, ки ин танҳо як гом дар раванде тӯлонист. Вай гуфт, Иёлоти Муттаҳида мехоҳад дар мавриди ин тарҳи қатънома дар Шӯрои Амният раъйгирӣ сурат бигирад, то қатъномае пойдор ҳосил шавад.


Ин тавофуқ дар ҳоле сурат гирифт, ки Исроил ҳамалоти худро дар ҷануби Лубнон густардатар кардааст. Аммо пешнависи қатънома хостори "қатъи бедиранги хушунатҳо" шудааст. Бино ба марҳилабандии ин тарҳ, қарор аст ягонҳои низомии Исроил ақибнишинӣ кунанд ва артиши Лубнон ба ҳамроҳи теъдоди бештари сулҳбонони Созмони Милал ба самти ҷануби Лубнон ҳаракат кунанд.
XS
SM
MD
LG