Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши сил дар байни занони серфарзанд


Вазорати беҳдошти Тоҷикистон гуфт, чаҳор ноҳияи водии Раштро ба барномаи мубориза зидди бемории кушандаи сил ворид мекунад.

Саъдулло Сайдалиев - мудири Маркази мубориза алайҳи бемории сил ба Радиои Озодӣ гуфт, тибқи ин барнома аз ин ба баъд барои табобати маризони сили ноҳияҳои Тоҷикобод, Тавилдара, Нуробод ва Ҷиргатол онҳоро ройгон ва мунназам бо доруҳои асосии зарурӣ таъмин мекунанд.


Бар тибқи барнома ҳамчунин "тамоми атрофиёни бемор муоинаи тиббӣ ва кӯдакони то 6 сола бо табобати профилактикӣ фаро гирифта мешаванд."


Пизишкони водии Рашт таъйид мекунанд, ки шумораи беморони сил дар водӣ нисбат ба солҳои қаблӣ афзудааст. Шароити номувофиқ, камбуди доруворӣ, адами таҷҳизоти тиббӣ барои ташхис ба доман задани ин беморӣ мусоидат кардааст. Атохоҷа Ғаффоров мудири шӯъбаи бемории сили бемористони ноҳияи Тоҷикобод камбизоатиро яке аз омилҳои аслии гирифторӣ ба ин маризӣ хонд ва гуфт:


"Баъзеҳо то ба охир табобат намекунанд ва чун табобат нопурра мемонад. Бинобар ҳамин беморӣ дар миёни аҳолӣ зиёд мушоҳида мешавад, бахусус дар миёни занони серфарзанд. Имсол аз моҳи январ то кунун мо 11 мавориди нави бемориро сабт кардем, шумораи умумиашон аз 150 нафар бештар аст."


Дар баробари вазорати беҳдошти Тоҷикистон як идда аз созмонҳои байналмилалӣ низ барои ҷилавгирӣ аз тавсиаи бемории сил дар водии Рашт чанд барнома амалӣ мекунанд. Аз ҷумла дар ин рӯзҳо бо мусоидати Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар ин минтақа барои ошноӣ бо усули нави табобати бемории сил, яъне "дотс" семинарҳои омӯзишӣ дар миёни табибон идома дорад.
Маҳмуди Шодӣ, Рашт
XS
SM
MD
LG