Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз оғози бӯҳрони Лубнон як моҳ гузашт


Артиши Исроил мегӯяд, рӯзи панҷшанбе назорати Марҷоюн, як шаҳри аз лиҳози стротежӣ муҳим дар ҷануби Лубнонро ба даст овардааст. Ҳизбуллоҳ ба навбаи худ то зӯҳри рӯз алайҳи Исроил боз 110 мушаки дигар андохта ва гуфтааст, 13 тонки Исроил дар ҷануби Лубнон тахриб кардааст. Дар натиҷаи ҳамлаҳои мушакии Ҳизбуллоҳ як зан ва духтари навраси ӯ, ки аз арабҳои Исроил буданд, ба ҳалокат расидаанд. Артиши Исроил зимнан ҳалокати боз як сарбози худ дар натиҷаи асобати мушаки зиддитонкиро дар ҷануби Лубнон таъйид кард.


Вазири дифоъи Исроил Амир Перетс гуфт, дар сурати нокомии талошҳои дипломатӣ дар СММ ба манзури таҳияи шароити оташбас дар Лубнон, нирӯҳои низомӣ баҳри саркӯбии чирикиҳои Ҳизбуллоҳ аз тамоми васоил кор хоҳанд бурд. Раҳбарияти Исроил иҷрои барномаи тавсиъаи амалиёти низомии нирӯҳояш дар Лубнонро ба тавқиф гузошт, то ба ҷомиаи байналмилалӣ ба манзури таҳияи як роҳи ҳалли бӯҳрони Ховари Миёна фурсати бештар диҳад.


Бо ин ҳол, дипломатҳо мегӯянд, музокирот бар сари тарҳи қатъномаи ША СММ дар қиболи бӯҳрони Лубнон идома дорад. Сафири Амрико дар СММ Ҷон Болтон гуфт, музокирот то кунун ба пешрафтҳое даст ёфтааст, ва таҳияи тарҳи ниҳоии қатънома ва раъйгирии он дар ША шояд ҳамин рӯз сурат бигирад. Ва аммо Русия мегӯяд, тарҳи қатъномаеро ба ША пешниҳод кардааст, ки ба оташбаси серӯза ба далоили башарӣ дар низоъи байни Исроилу Ҳизбуллоҳ даъват мекунад. Сафири Русия дар СММ Виталий Чуркин гуфт, Маскав ба маҳзи нокомии қудратҳои ҷаҳонӣ ба таҳияи тарҳи қатъномае, ки истиқрори як оташбаси доим дар Лубнонро тақозо кунад, даст ба чунин пешниҳоди нав задааст.
XS
SM
MD
LG