Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абдуллоҳи Нурӣ даргузашт


Имрӯз дар ҳаволии соъати сеи баъд аз зуҳр ба вақти Душанбе Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар синни 59-солагӣ даргузашт. Дар баргаи пизишкии даргузашти оқои Нурӣ далели марги вай "бемории ҷиддӣ" зикр шудааст. Ҳамакнун тамоми аъзои раёсати Ҳизби Наҳзати Исломӣ ва шумори зиёде аз ҳаводорони Абдуллоҳи Нурӣ дар манзили вай дар Душанбе таҷаммуъ кардаанд ва барои хоксупории пайкари ӯ тадорук мебинанд. Ба гуфтаи онҳо, маросими хоксупорӣ субҳи фардо (10 август) баргузор хоҳад шуд ва пайкари Абдуллоҳи Нурӣ, бино ба васияти худи ӯ, дар гӯристони масҷиди Мавлонои ноҳияи Рӯдакӣ канори оромгоҳи Муҳаммадалии Ҳиндустонӣ, устоди мазҳабии вай ба хок супурда хоҳад шуд.


Абдуллоҳи Нурӣ тайи ду соли ахир аз бемории сахте ранҷ мебурд. Вай барои дармони бемории худ дар Ирону Олмон амалиёти ҷарроҳӣ анҷом дод ва баъд аз бозгашт ҳам дар Душанбе шимидармонӣ мешуд.


Сайид Абдуллоҳи Нурӣ рӯзи 15 марти соли 1947 бо номи Абдулло Нуриддинович Саидов дар рустои Сангвори ноҳияи Тавилдара зода шуд ва дар ҳамон ҷо таҳсилоти мутавасситаро фаро гирифт. Вай усули дини исломро аз падараш Мулло Нуриддин омӯхт ва пас аз хатми мактаби мутавассита ҳамчунон саргарми омӯзиши улуми динӣ буд ва дар атрофи худ муридону ҳамандешоне ҳам пайдо кард. Дар натиҷаи нишастҳову суҳбатҳои ин гурӯҳ як ҳизби мазҳабии пинҳонӣ дар соли 1975 шакл гирифт. Ин ҳизб пас аз фурӯпошии Шӯравӣ бо номи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ҳастӣ ёфт.


Тайи солҳои ҷанги дохилӣ Абдуллоҳи Нурӣ ба унвони раҳбари Иттиҳоди нирӯҳои мухолифи давлати Тоҷикистон дар Афғонистон ба сар мебурд. Дар натиҷаи гуфтушунудҳои миёни Абдуллоҳи Нурӣ ва Эмомалӣ Раҳмонов бо мусоъидат ва подармиёнии Созмони Милал ва кишварҳое чун Русияву Ирон паймони сулҳи миёни ду тарафи даргир аз сӯи ҳамин ду тан имзо шуд. Абдуллоҳи Нурӣ тайи солҳои 1997 то 1999 раёсати Кумисиюни Оштии Миллиро ба уҳда дошт. Коршиносони байнулмилалӣ саҳми Абдуллоҳи Нурӣ дар истиқрори сулҳу субот дар Тоҷикистонро бисёр муҳим арзёбӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG