Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳокимаи парвандаи Ғаффор Мирзоев поён ёфт


Рӯзи панҷшанбе (3 август) муҳокимаи парвандаи генерал Ғаффор Мирзоев, раиси собиқи Ожонси мубориза бо маводи мухаддири вобаста ба раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамроҳони ӯ дар Додгоҳи Олии Тоҷикистон ба поён расид. Додварон барои таҳияи ҳукми ниҳоӣ ба машварат нишастанд. Муҳлати ин машварат аз сӯи қонун маҳдуд нашудааст.


Ҳамаи муттаҳамон, аз ҷумла худи Мирзоев дар сухани поёнии хеш айбномаи додгоҳро рад карда, аз доварон хостаанд, дар баробари онҳо ҳукми одилона содир шавад. Абдуқайюм Юсуфов, яке аз вакилони мудофеъи Ғаффор Мирзоев дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, дар ҷараёни муҳокима ҳамаи нукоти айбномаи Мирзоев тасдиқ нашуда ва бад-ин далел, афзуд Юсуфов, вакилони ӯ умедворанд, ки «Мирзоев сафед мешавад». Аммо як мақоми Додгоҳи Олии Тоҷикистон ин нуктаро рад кард.


Дар бораи талаби ҳукми эъдоми Мирзоев аз ҷониби Додситонии низомии Тоҷикистон, ҷаноби Юсуфов гуфт, таҳрими иҷрои ин ҳукм дар кишвар, таҳдиди эълони онро коҳиш додааст. Ғаффор Мирзоев дар тобистони соли 2004 таввасути маъмурони амниятии Тоҷикистон боздошт шуд ва додситонӣ ба ӯ тибқи 34 моддаи Қонуни кайфарӣ, аз ҷумла талоши барандозии давлат аз роҳи ошӯби низомӣ, убури ғайриқонунии марз, саркашӣ аз пардохти молиёт, сӯъиистифода аз мақоми хидматӣ айбнома эълон кард. Муҳокимаи ӯ дар боздоштгоҳи вазорати амнияти Тоҷикистон пушти дарҳои баста ҷараён гирифт. Мақомот мегӯянд, ин амр ба ҳифзи асрори давлатӣ бастагӣ дорад.
XS
SM
MD
LG