Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Забти миқдори камназири маводди мухаддир дар Тоҷикистон


Мақомоти Ожонси назорат бар маводди мухаддири Тоҷикистон гуфтанд, ки аз манзили як сокини ноҳияи Фархори вилояти Хатлон 327 кило маводди мухаддир кашф ва забт кардаанд.


Ба гуфтаи онҳо, маводди мухаддири кашфшуда, ки 40 килои он ҳеруин ва миқдори боқимонда чакидаи кӯкнор буда, ба як гурӯҳи қочоқбари маводди мухаддир таъаллуқ дошта, ки ду узви он ҳам боздошт шудааст. Рустам Назаров - раиси ожонс гуфт, ки гурӯҳи мазкур як гуруҳи байнулмилалии қочоқбар аст:


"Амалиёти мазкур идома дорад ва мо умед дорем, ки ба зудӣ онҳоеро, ки соҳибони ин маводданд ва онҳоеро низ ки аз Афғонистон онро фиристодаанд, шиносоӣ кунем. Барои анҷоми ин кор аз намояндагиҳои ожонс дар Афғонистон ва вазорати дохилаи Афғонистон истифода хоҳем кард".


Оқои Назаров афзуд, нирӯҳои ожонс ба манзури ошкор кардан ва боздошти ин гурӯҳ чаҳор моҳ таҳқиқ кардаанд. Ба гуфтаи мақомоти ниҳоди мазкур, аз ибтидои сол то кунун дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ду баробар бештар маводди мухаддир кашф ва забт шудааст.


Ин дар ҳолест, ки коршиносон мегӯянд, то замоне ки бозори масрафкунандагони маводди мухаддир гарм аст, кишт ва қочоқи он низ ҳамчунон равнақ хоҳад дошт.


Аммо раиси Ожонси назорат бар маводди мухаддир дар посух ба ин пурсиш, ки оё бидуни мусоъидати унсурҳое дар миёни нирӯҳои интизомӣ имкони ҳамлу нақл ва қочоқи ин миқдор маводди мухаддир имкон дорад, гуфт, ки идомаи баррасӣ ва таҳқиқи парванда ба ин суол посух хоҳад дод.
Раҳматкарими Давлат
XS
SM
MD
LG