Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарони Ирону Тоҷикистон тунели Анзобро ифтитоҳ карданд


Маҳмуди Аҳмадинажод ва Эмомалӣ Раҳмонов - раисони ҷумҳурии Ирон ва Тоҷикистон субҳи рӯзи чаҳоршанбе, 26 июл дар маросими гушоиши тунели Анзоб, 70 километрии шимоли шаҳри Душанбе ҳузур ёфтанд. Ин тунел, ки панҷ километр тӯл дорад, бо кӯмаки молии ҷониби Ирон бунёд ёфтааст.


Дирӯз оқои Аҳмадинажод ҳамчунин гуфт, ки кишвараш қасд дорад дар бунёди тунели Чормағзаки Тоҷикистон низ саҳм бигирад ва бо ин ҳадаф як эътибори камбаҳраи молиро дар ихтиёри давлати Тоҷикистон қарор медиҳад.


Дар нишасти хабарии муштараки рӯзи чаҳоршанбе (25 июл) дар Душанбе ҳамчунин гуфта шуд, ки Ирон омодаи пазироӣ 100 тан донишҷӯи тоҷик дар донишкадаҳои нафту гоз ва бахши муҳандисии ин кишвар аст.


Маҳмуди Аҳмадинажод дар ин нишаст гуфт, бар асоси дархости раисиҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсил дар донишкадаҳои нафту гоз ва муҳандисии кишвараш ҳамасола 100 курсӣ барои донишҷуёни тоҷик ихтисос хоҳанд дод.
XS
SM
MD
LG