Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти хабарии Аҳмадинажод ва Раҳмонов дар Душанбе


Маҳмуди Аҳмадинажод ва Эмомалӣ Раҳмонов, раисони ҷумҳури Ирону Тоҷикистон пас аз дидору гуфтугӯ ва имзои санадҳои ҳамкории дутарафа дар нишасте матбуъотӣ рӯи таъмиқи равобити миёни ду кишвар таъкид карданд. Оқои Аҳмадинажод зимни ташреҳи аҳамияти Тоҷикистон барои Ирон ва минтақа гуфт:


"Тоҷикистони қудратманд, босубот, обод ва пешрафтаба нафъи сулҳу суботи минтақа аст. Мо субот ва пешрафти Тоҷикистонро субот ва пешрафти худамон медонем ва дар канори мардум ва давлати Тоҷикистон хоҳем буд".


Эмомалӣ Раҳмонов ба навбаи худ бо ишора ба санадҳои ҷадиди ҳамкории иқтисодӣ миёни ду кишвар гуфт:


"Мо мутмаиннем, ки барномаи дигари бузургтар ва муҳимтари муштараки мо нирӯгоҳи Сангтӯда 2 ин самти ҳамкориро тақвият бахшида, муҷассамаи возеҳи дӯстии торихии мо хоҳад гардид. Раиси Ҷумҳурии Исломии Ирон изҳор намуданд, сохтмони нақби Чормағзак, ки дарозиаш чаҳор километру 200 метр аст, арзиши сохтмониаш қариб шаст дуллорро ташкил медиҳад, бо маблағгузории имтиёзӣ ва мусоъидати текникии кишвари Ирон дар ҳамбастагии бунёди нирӯгоҳи Сангтӯда 2 сурат мегирад."


Мавзӯъи муноқишаи миёни Исроил ва Ҳизбуллоҳи Лубнон ҳам дар гуфтугӯи миёни сарони Ирону Тоҷикистон матраҳ шуд. Маҳмуди Аҳмадинажод дар ин бора гуфт:


"Ин тавр ҳуҷум кардан мушкилеро ҳал намекунад, балки масоили минтақаро печидатар хоҳад кард. Касоне ки фикр мекунанд бо саркӯби як миллат метавонанд барои худашон пойгоҳе ба даст биёранд, ба шиддат иштибоҳ мекунанд. Дар форсӣ як масале дорем: Ҳар кас, ки бод бикорад, тӯфон дарав хоҳад кард."


Раисиҷумҳурии Тоҷикистон низ хостори қатъи бедиранги "амалиёти низомии вайронгар" дар Лубнон шуд ва таъкид кард, ки буҳрони Лубнон бояд аз роҳи диплумотик ва бо риъояти тамомияти арзӣ ва ҳокимияти он кишвар ва дурнамои сулҳу субот дар Ховари Миёна ҳал шавад.


Рӯзи сешанбе ҳайъатҳои расмии Ирону Тоҷикистон тавофуқномаҳоеро миёни вазоратхонаҳои хориҷа, додгустарӣ (адлия), кор ва иқтисоди ду кишвар имзо карданд ва дар мавриди таъсиси як маркази бозаргонӣ дар Душанбе ба тавофуқ расиданд.


Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳурии Ирон барои як дидори дурӯза баъд аз зуҳри сешанбе (25 июл) вориди Душанбе шуд. Қарор аст рӯзи чаҳоршанбе (26 июл) Ҳомид Карзай, раисиҷумҳурии Афғонистон дар Душанбе ба раҳбарони ду кишвари порсигӯи Тоҷикистону Ирон бипайвандад. Интизор меравад миёни се раҳбар тавофуқномаҳои ҳамкории сетарафа низ ба имзо бирасад.
XS
SM
MD
LG