Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як тоҷикистонӣ ба иттиҳоми ҷосусӣ


Мақомоти Узбакистон мегӯянд, як шаҳрванди Тоҷикистонро ба иттиҳоми ҷосусӣ ва тарҳрезии сӯъиқасд ва қатл дар қаламрави Узбакистон боздошт кардаанд. Бино ба хабарҳо, нафари боздоштшуда Фурқат Туйғунов ном дорад ва аз сӯи Хадамоти амнияти миллии Узбакистон дастгир шудааст.


Гузоришҳо ҳокист, Тӯйғунов эътироф кардааст, ки аз вазорати амнияти Тоҷикистон барои анҷоми маъмуриятҳои махфӣ ва куштани нафарони мушаххас дар Узбакистон дастур гирифта будааст. Аммо дар сомонаи интернетии давлати Узбакистон дар бораи ин қазия ҷузъиёте бештар аз ин наомадааст.


Як моҳ пеш дар Узбакистон як шаҳрванди дигари Тоҷикистон бо номи Муродуллоҳ Ҷӯраев ба иттиҳоми ҷосусӣ ба суди Душанбе ва тарҳрезии қатли афроде дастгир шуда буд. Вале Душанбе иддаъои ҷониби Тошкандро буҳтон номид ва такзиб кард.
XS
SM
MD
LG