Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зидон ва Матераззи муҷозот шуданд


Федеросиюни ҷаҳонии футбол ФИФА рӯзи панҷшанбе (20 июл) Зайниддин Зидон - сардастаи собиқи тими миллии Фаронсаро аз бозӣ дар се бозии оянда манъ ва ба маблағи 6000 дуллор ҷарима кард.


Бад-ин гуна оқои Зидон ба хотири задани Марко Матераззи, бозикуни тими Итолиё бо сар дар бозии ниҳоии Ҷоми Ҷаҳонӣ муҷозот шуд.


Марко Матераззи низ ба навбаи худ ба пардохти 4000 дуллор ҷарима муваззаф шуд ва дар ду бозии оянда ширкат нахоҳад кард.


Адами ширкати Зидон дар се бозии оянда як муҷозоти намодин ё рамзист, чун вай билофосила пас аз поёни Ҷоми Ҷаҳонӣ аз рақобатҳои футбол бознишаста шуд.
XS
SM
MD
LG