Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Забони мо дар чи ҳол аст?


DR Бо гузашти 17 сол аз тасвиби Қонуни забон дар Тоҷикистон, оё вазъи забони модарии мо беҳтар шуда ё бадтар? Форсӣ гӯем, дарӣ гӯем варо ё тоҷикӣ?

Ассалому алайкум, бародарони азиз! Миллати ман қазоқ аст ва ман дар Қазоқистон дар шаҳри Атырау зиндагй мекунам. Ман ҳоло ба забони точикй хуб гап зада наметавонам, вале ман ин забони зеборо дар интернет омухта истодаам. Аввалам бор гуфтаниям, ки забони точикй дар ҳақиқат хеле зебост ва таърихи дароз дорад. Шумо бояд бо ин фахр кунед. Мутаасифона, дар шаҳри ман точикон нестанд. Хочу обратиться к таджикской молодежи. Берегите свой язык и относитесь к ней с большим уважением. Ведь он того заслуживает. Как же я хочу научиться вашему языку! Но увы, в интернете нет курсов таджикского языка, есть всего лишь один разговорник и небольшой словарь. Но этого недостаточно. Надеюсь, я когда-нибудь приеду к вам в Таджикистан и научусь сносно разговаривать на этом красивом языке. А кто хотел бы научиться казахскому или приехать к нам в гости, можете мне написать на мой и-мейл, буду очень рад: rknu@tengizchevroil.com. Саломат бошед!
Руслан аз Атырау (Қазоқистон)
------------------------------------------------------

Забони форсӣ ҳанӯз ҳам дар Тоҷикистон ба ҳайси як забони давлатӣ мелангад. Бо гузашти 15 соли мақоми давлатӣ гирифтани ин забон натавонистааст мақоми худро дар ҷамъият бигирад. То ба ҳол забони русӣ дар ин кишвар аз забони тоҷикӣ бартарӣ дорад ва кам зиёиён ҳастанд, ки ин забонро донанд ва ба он ҳарф зананд. Нашрияҳои русизабон дар Тоҷикистон аз ҷиҳати итилоотӣ ва дастрасӣ аз нашрияҳои тоҷикӣ кулан фарқ доранд ва бо теъдоди бештаре нашр мегарданд. Дар ду шабакаи телевизионӣ, ки баъзан барномаҳо бояд сирф ба забони тоҷикӣ бурда шаванд, қонуни забони тоҷикиро вайрон намуда ба забони русӣ ҳарф мезананд. Забондонии аҳли ҷомеа низ дар сатҳи хеле паст қарор дорад. Ҳатто соҳибони забони тоҷикӣ онро нағз намедонанд. Дар нашрияи "Миллат" мақолаеро мутолиа намудам, ки дар он устоди бузурги забони тоҷикӣ калимоти сирф тоҷикиро фаҳм нарафтааст. Айб аст, ки устод калимаи "пойиз" ва "вокуниш"-ро душворфаҳм унвон намудааст, дар ҳоле ки ҳанӯз дар забони занони кӯҳистонӣ калимаи "пойиз" зинда аст. Дар охир гуфтаниам, ки забони тоҷикиро набояд мо аз забони форсӣ ҷудо гӯем. Забони мо забони форсист ва мо бояд ба хатту забони хеш баргардем, то тавонем аз тахоҷуми фарҳанги бегона эмин монем.
Абдулмуъмин
------------------------------------------------------

Дуруд, ҳамватанони азиз! "Озодӣ" ном дораду вале намегузорад озодона сухан гӯӣ. Муттаассифона!!! агар ин
навиштахои маро нагузоред, пас хамаашро бардоред! ташаккур барои диккат. Радиои "Озодӣ" ин мавзӯъро бардошт аммо, ман ин калимаро нафаҳмидам чи маъно дорад. Монанди ин калимахои зиёде ҳастанд. ("эъдом" маънои ҳамин калимаро нафаҳмидам). Бояд академияи забон дар Точикистон ва ягона Академияи забони форсӣ (Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон) мавҷуд бошад. Муҳтарам рӯзноманигорон, ба калимабофӣ машгул нашаванд, мисол, забони бисёр барномаҳои Озодӣ, ТВТ ва радиои Точикистонро ман фаҳмида наметавонам, мутаассифона. Дар соҳаи рӯзноманигорӣ бисёр шарқшиносон кор мекунанд, ки кӯшиш мекунанд калимаҳои арабиро бештар истифода кунанд. Бо духтар муд будааст, хангоме ки бо забони руси сухан мегӯӣ. Аҷоиб. Ҳалли мушкили забони тоҷикиро аз боғча бояд шурӯъ кард. Ва барои дохил шудан ба мактабҳои олӣ имтиҳони забони тоҷикӣ ҳатмӣ карда шавад. Имтиҳон ҳангоми ба кор даромадан хатост, зеро дар сохторҳои давлатӣ коргаре намемонад. 30% ва ё камтари аҳолӣ забони тоҷикиро медонанд. Имтиҳонро агар дар оянда ворид кунанд, беҳтар аст. Намешавад аз шахсоне, ки ҳангоми дохилшавӣ ба мактаби олӣ имтиҳони забони тоҷикӣ насупоридаанд, ҳангоми ба кор қабул кардан имтиҳон кард. Мантиқан нодуруст аст. Солшумориро аз аввалин ҷашнгирии Наврӯз шурӯъ кардан лозим аст. Ва дар хориҷа, беҳтар мебуд, агар, сафоратхонаҳо барои шаҳрвандони худ, ки дар ғарибианд, ҷашнҳое
ташкил намоянд. Ҳисси миллии ҳар як шахс боло мешавад ва кӯшиш мекунанд, ки бо раванди Ватан бошанд.
Бо арзи сипос,
Тоҷики ғарибе аз Маскав
------------------------------------------------------

Родю? Секюлор? Шоъир? Муъаллим? Магар инҳо тоҷикиянд? Ба ман бештар шоир ва муаллим, дунявӣ ва радио ё радё хушояндтару азизтар аст ва банда ин "навсозиҳо"-ро забони поки форсӣ намешуморам, балки тақлиди аблаҳонае медонам, ки ҳадафи ҷиддитари он аз байн бурдани ҳуввияти захмини миллии тоҷикон ва ба бардагони хоҷагони нав мубаддал кардани онҳост. Чаро ирониҳо аз мо намеомӯзанду мо ҳамчун ғуломони ҳазорсола бояд маҷбуру маҳкум ба чунин тақлидкорӣ бошем? Ин як нишонаи равшани суқути хештаншиносӣ ва ғурури миллии тоҷикон аст, ки ҳазор соли охир дар бӯсидани пойи бегонагон ҳунарманд шудаанд. Биноан, андешаи ман ин аст, ки забони мо рӯ ба суқут ва заъф буда, ин раванд вазъи умумии моро баёнгар аст.
Сайидвалӣ (Тоҷикманиш)
------------------------------------------------------

Салом. Тӯли 17 сол вазъи забони миллии мо заррае ҳам беҳтар нашудааст. Ба хусус миёни ҷавонон он хеле коста
гардидааст. Бо ин ақида шояд ҷавонон бо ман розӣ набошанд вале ман фикр мекунам, ки 90 дар сади ҷавонони тоҷик ғурури миллӣ ва ҳисси худшиносӣ надоранд, зеро забони ширину шевои моро зимни гуфторашон бо забонҳои ғайр олуда месозанд. Боз як хислати бади тоҷиконаи мо он аст, ки ҳангоми суҳбат бо меҳмонони хориҷӣ кӯшиш мекунем на ба забони модарии худ, балки ба забони онҳо сухан ронем. Бинобар ин, худ қазоват кунед, дар ҳоле ки ҷавонони мо пурра ба забони давлатиашон ҳарф зада наметавонанду онро бо дигар забонҳо олуда мекунанд, чи тавр метавон онро форсӣ, тоҷикӣ ё дарӣ номид.
Маҳина
------------------------------------------------------

Салом, дӯстон!.. Ба фикри ман, забони мо якест ва он ҳам порсӣ. Забоне, ки дар Эрон бо он гуфтугӯ мекунанд, бо омадани арабҳо ҳарфи "п" ба "ф" иваз шуд ва дар таркиби луғавиаш калимаҳои бисёри арабӣ ҳамроҳ гардид. Забоне, ки дар Афғонистон аст, дарӣ ном доданд. Ҳол он ки агар аз ҳуввияти як порсизабони афғон пурсон шавем, мегӯяд: "мо афғонем, аз қавми форсивон". Аммо дар Тоҷикистони мо русҳо забонро "тоҷикӣ" номиданд, то тақсим намоянд ва қукм ронанд. Хулоса, забонро бояд бо номи асилаш "порсӣ" гӯем. Дарӣ ва тоҷикӣ гӯише беш нестанд...
Мурод
------------------------------------------------------

Дуруд ба кормандон ва ҳаводорони родю Озодӣ! Аввалан, мехостам аз кормандони родю барои истифода аз забони хубу поки форсӣ арзи сипос намоям... Пешниҳодҳои Дилшоди Ориёманишро дастгирӣ мекунам. Хуб мешуд агар чунин ҷавонҳо ба раҳбарии Тоҷикистон мерасиданд. Бо назароти Фаромарз ғолибан мувофиқам, аммо фикр намекунам, ки "фарсанг", "ман" ва "пуд" пешниҳодҳои хубе бошад. Боз як кори дигарро бояд анҷом дод: дар Қонуни Асосии Тоҷикистон дар моддаи 2 омадааст: "Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст. Забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо амал мекунад. Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳақ доранд аз забони модариашон озодона истифода кунанд". Аввалан, ҷумлаи дуввуми ин модда бояд аз байн бурда шавад. Ҳамчунин ҷумлаи аввал бояд тағйир кунад ва ба ҷои забони тоҷикӣ "забони форсии тоҷикӣ" навишта шавад... Фикр мекунам, Фарҳангистони забони форсии тоҷикӣ ташкил шавад. Ҳамчунин Тоҷикистон ба ҳуруфи форсӣ гузарад ва аз он пас "форсии тоҷикӣ" ҳам гуфтан лозим нест. Чун забони мо яктост, на дарӣ, на тоҷикӣ, балки форсӣ!
Iran-Najad
------------------------------------------------------

Дуруд! Хеле хушҳолам, ки бештар ҷавонони мо дар бораи забони тоҷикӣ ва аҳволи ногувори он баҳс мекунанд. Рости гап, вазъи забони модарии мо то андозае коста шудааст. Забони шевои тоҷикӣ имрӯз миёни пайравони худ қадру кимати бисёр надорад. Мисоли одиро бибинед, ки дар як шаҳри Душанбе 65 дарсади матлабҳои чопии рӯзномаҳо ба забони ғайритоҷикӣ - русӣ мунташир мешавад. 70 дарсади ҷавонони мо забони адабии тоҷикиро балад нестанд. Магар ҳамаи ин оқибати хуб дорад? Дар ин рӯзи саъид дигар чизе гуфтан намехоҳам. Фақат орзу дорам, ки ба қадри забони давлатӣ расем, шуд!
Каюмарс
------------------------------------------------------

Меҳрофарин, бародар, хато кардӣ, ки гуфтӣ муъаллимони ҷавон ба хотири "вес" доштан ба шеваи мардуми ҷануб гап мезананд... Умуман, лозим набуд ҳамин гапҳо.
Саломуллоҳ.
------------------------------------------------------

Пешниҳодҳои фарзона Фаромарз хуб аст, аммо ман инҷо мехостам бештар бо шуъури мардум кор дошта бошам, назар ба ин ки ба фишангҳои сиёсӣ барои амалӣ кардани ин мақсадҳо даст ёбам:

1) Нашри фарҳанги хурди забон, ки бояд дарбаргирандаи тарзи дурусти забони гуфторӣ (шифоҳӣ) ва навишторӣ (хаттӣ)-и тоҷикӣ бошад;
2) Тартиб додани дастурамали истифодаи забони миллӣ дар вазоратхонаҳо ва дигар ниҳодҳои давлативу созмонҳои иҷтимоъӣ ва назорати мустақим бар иҷрои он. (Фарҳанги забон дар риштаҳои ҷудогона);
3) Ва боз ҳам нашри як вожаномаи забони сара (тоза)-и тоҷикӣ барои беолоиш нигаҳ доштани забони адабӣ;
4) Таъсиси марказҳои омӯзиши хатти форсӣ.

Ман пешниҳод мекунам, онҳое ки дар ин замина мехоҳанд пажӯҳише дошта бошанд ва ё тавсияҳое ироа намояд, ҳатман бо мо ҳамкорӣ кунанд... Ба зудӣ дар сомонаи Ҷавонони Худшинос http://www.khudshinos.freenet.tj гӯшаи «Забон»-ро ҳам боз мекунем, ки аз он метавон ҳамчун минбари гуфтумон (баҳс) истифода кард...
Бо арҷу сипос,
Дилшод Ориёманиш
------------------------------------------------------

Ба Фаромарз: Офарин!
Ба родю Озодӣ: Ин 17 сол кори дурусте барои вазъи забони миллӣ накардааст, чи расад ба рушду нумӯъи он... Аз ин рӯ мантиқист, агар дар бораи ин масъала аз мушкилоти мавҷудаи забон низ дар Тоҷикистон чизе бигӯем. Акнун бо иҷоза, линк (пайванд)-и сомонаеро бароятон мефиристам, ки аз диди пажӯҳишгари тоҷик Озари Каёнӣ ин мушкилот баррасӣ шудааст: http://www.vajehmagazine.com/azar-kiani.php
Шӯрбахтона, аз хонандагони Озодӣ танҳо онҳое, ки хатти форсиро медонанд, метавонанд аз он баҳра бибаранд.
Бо умеду орзуҳои нек,
Диловар
------------------------------------------------------

Бале, воқеъан ҳам вазъи забони тоҷикӣ имрӯз хеле нигаронкунанда боқӣ монда. Ман ба масъулини мақомоти болоӣ ва барои мардуми пойтахт гуфтанӣ ҳастам, ки аз вазъи баъамаломадаи забон гилагузорӣ накунанд. Барои он ки дар пойтахт будам ва бо чашмони худ дидам, вазъият нисбат ба маҳалҳо хеле беҳтар шудааст. Дар маҳалҳо хеле вазъият нигаронкунанда аст. Шоъиру нависандагону рӯзноманигорони маҳаллӣ ончунон бехабар ва бемасъулият барои дифоъ аз забони худ ҳастанд, ки наметавон чашм пӯшид... Рӯзноманигорони нашрияҳои маҳаллӣ худ намедонанд, чи менависанд. Ҳатто одитарин ҷумлаи содаро ба забони миллӣ навишта наметавонанд. Мардум аз хондани ин ҷумлаҳои хароб хаставу қимоб шудаанд. Намехонанд он рӯзномаҳоро. Ягон мақола бе маблағ рӯи чоп намеояд. Ин вазъ то кай идома меёбад, касе намедонад.
Зафар
------------------------------------------------------

Салом алейкум ба халқи тоҷики азизам. Бисёр мавзӯъи хуб аст. Мо бояд аввалан шукри Худованд гӯем, ки мо истиқлол ба даст овардему забони тоҷикӣ забони модарии худро аз сари нав соҳиб шудем. Ин барои мо шарафи бузургест. Вале сад афсӯс, ки ҷавонон, ба вижа духтарони тоҷик ба забони модарии худ ба хубӣ гап намезананд. Кӯшиш мекунанд, ки бештар ба забони русӣ гап зананд... Шумо агар мушоҳида карда бошед, халқи Олмон дар ватани худ ҳаргиз ба дигар забонҳо гап намезананд. Тақрибан ҳамаи онҳо забони инглисиро хуб медонанд, вале вақте ки аз онҳо чизе мепурсед, ба шумо ба инглисӣ посух намедиҳанд. Ман намегӯям, ки шумо забони онҳоро наомӯзед. Хато хоҳад шуд. Вале илтимос, ба забони шаккарини худамон дар Тоҷикистон гап занем...
Ҷовидон
------------------------------------------------------

Дар ин 17 сол вазъи забони тоҷикӣ ба дараҷаи бузург коҳиш ёфтааст. Алъон "забони адабӣ" лаҳҷаи ҷануб аст ва ба замми ин пур аз калимаҳои ношоям, ки гуфтугӯи ҳамарӯзаи мардуми "нав"-и Душанбешаҳрро "дурахш" мебахшад. Мардуми "куҳна" ночор аз ин "таъом" истифода мекунанд.
Далер
------------------------------------------------------

Барои беҳтар шудани вазъи забони модарӣ барои мо, пеш аз ҳама, маблағ лозим аст. Фаъъолияти комиссия ва кумитаҳои марбут ба ин соҳа бе мавҷудияти маблағи муъайян ғайримумкин аст ва ҳаргиз эшон наметавонанд ба комёбӣ ноил шаванд.
Илҳомҷон ҲАМИДОВ
------------------------------------------------------

Вазъи забон бадтар шудааст. Давлат то имрӯз кори андаке дар заминаи иҷрои қонуни забон анҷом додааст. Барои тақвияти забони расмӣ дар Тоҷикистон лозим аст ин корҳо анҷом шавад:

1-Президент Раҳмонов бо як фармон раванди форсӣ (тоҷикӣ) кардани номҳои хосро осон кунад, нахуст бояд мақомҳои давлатӣ номҳо ва насабҳои худро форсӣ кунанд ва пасвандҳои -ов ва -ев, -ович ва -евичро аз номҳо ҳазф кунанд. Аввал оқои Раҳмонов худ ба унвони намуна ин корро кунад, беҳтар аст;

2-Дар тамоми системи омӯзишу парвариш ва корёбӣ бояд имтиҳони забон ҷорӣ шавад, яъне ҳар кас вақте ки вориди коре дар як корхона ё ниҳоди давлатӣ ва ғайридавлатӣ мешавад, бояд аз имтиҳони забони расмӣ бигзарад, дар донишгоҳҳо ҳам ҳамин тур. Бибинед, бидуни донистани забони инглисӣ ҳеч кас наметавонад дар кишварҳои инглисизабон кор ёбад ё вориди донишгоҳе шавад;

3-Тақвим ва номхои моҳҳоро бояд иваз кард, таквиме, ки ҳоло Тоҷикистон дорад, тақвими евросентристӣ ва масеҳӣ аст ва ба миллати мо ҳеч иртиботе надорад. Мо ба як тақвими секюлор (дунявӣ) ва миллӣ ниёз дорем. Солшумориро низ бояд аз замони интишори эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Бузург оғоз кард. Он ҳам нишони миллӣ будан ва ҳам нишони давлату давлатдории миллӣ ва ҳам як солшумории дунявӣ ва бетарафона аст. Ҳамин тур бояд истондордхои расмии санҷишӣ ва ченакро миллӣ кард, масалан, ба ҷойи килуметру килуграм бояд фарсанг, ман ва пудро истифода кард;

4-Барномаи гузор ба хатти форсӣ таҳия шавад ва замони муъаййане барои поёни ин давра бояд таъйин кард. Масалан, панҷ соли омодагии фарогир ва баъд аз панҷ сол комилан бояд хатти сирилликро дар коргузории расмӣ лағв кард;

5-Бояд бисёре аз истилохои расмию коргузори ва сиёсиро низ милли кард, масалан ба чои Мачлиси Оли Мехистонро ба кор бурд ва ҳамин тур истилоҳоти сарҳангу сипаҳсолор, ва деҳбуду деҳсолор, шаҳрдор ва шаҳриёр ва ғайра.. раису хокиму балову батар ҷуз ишони зулму истибдоди бегонагон ва ҳукуматхои турктозӣ нест;

6-Номҳои маҳалҳо ва навоҳӣ ва деҳистонҳоро низ бояд форсӣ кард. Номҳое хашин дорем назири Ҷарқишлоқу Калининободу Қаротоғу ғайра, ки аслан миллӣ нестанд.
Бо арҷ,
Фаромарз
------------------------------------------------------

Салом алейкум, ҳамватанон ва кормандони радиои Озодӣ. Ба фикри ман, ҳар миллат бояд забони модарӣ ва фарҳанги худро гум накунад. Масалан, дар кӯчаҳои Душанбе вақте мо мегузарем, бисёр аз ҷавонон ба забони русӣ сухан мегӯянд. Хосатан, ҷавондухтарҳо. Масалан, ман шунидам, ки ду ҷавондухтар бо ҳам суҳбат мекарданд. Яке аз онҳо ба дӯсти худ гуфт: "Вчера я купила новая платя: каб-кабудай". Ин тавр гап задан касро дар таъаҷҷуб ва ханда меоварад. Агар дар кӯча ё дар чат ба забони тоҷикӣ гап занӣ, баъзе аз духтарҳо механданд. Мегӯянд, ки "ин қуш", яъне қишлоқӣ. Онҳо худро бомаданият мешуморанд. Гӯё онҳо пешрафт кардаанд. Лекин шахси бомаданият бояд ба забони модарии худ сухан гӯяд. мумкин аст баъд аз 20 ё 30 соли дигар дар кӯчаҳои шаҳр касеро наёбем, ки ба забони тоҷикӣ сухан гӯяд. Мо тоҷикем ва бояд ба забони модари худ сухан гӯем ва фарҳанги азизи худамонро гум насозем.
Саид
------------------------------------------------------

Салом, азизон. Ман фикр мекунам, ки дар Тоҷикистони имрӯза вазъи на танҳо забони тоҷикӣ, балки вазъи забонҳои дигар ҳам хеле бад шудааст. Дарсади ками ҷавонони имрӯза метавонанд ба забони тозаи тоҷикӣ ва ё дигар забонҳо ҳарф бизананд. Аммо аксарият, ба фикри ман , ба забоне ҳарф мезанад, ки омехтаи чанд забон мебошад. Ин чиз махсусан дар пойтахт мушоҳида мешавад. Зиёиёни тоҷик 17-18 сол пештар барои мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ мубориза мебурданд. Аммо тазоддро бинед, ки баъд аз касби истиклол вазъи забон хеле бад шуд. Ба ақидаи ман, сабаби ҳамаи ин вазъи иқтисодии Тоҷикистон, кайфияти поини таълим дар мактабҳо ва донишгоҳҳо мебошад. Шаҳри Душанбе, ки бояд ҳамчунин маркази фарҳангии Тоҷикистон бошад, ба як қишлоқи калон табдил ёфтааст. Бо эҳтиром
Маҳмадраҳим
------------------------------------------------------

Чун ҳамеша дуруд ба ширкаткунандагони Майдони бахс!!! Агар ба вазъи забони модарӣ чун миллатдӯсти ҳақиқӣ баҳо дихем, рушан аст, ки забони мо аввалан, ба дарди тарҷумазадагӣ гирифтор аст ва пур аз гуфторҳои шевагист ва ҷой гирифтани вожаҳои тоҷикӣ дар қолибҳои бегона ва истифода аз калимоти русиву инглисӣ то ба дараҷае, ки муд шудааст, эҳсос мешавад. Ба гунаи мисол, муъаллимони ҷавоне, ки ба Донишгоҳҳову донишкадаҳо ба кор меоянд, ҳатман бо шеваи мардуми Кӯлоб ҳарф мезананд (агар аз ин шева истифода накунанд, шояд ҳамин гуна фикр бикунанд, ки дар байни донишҷуён «вес» ва «сиёсата» аз даст медода бошанд) ва яке аз сарчашмаҳои рушд кардани истилоҳҳои «сағраи ҳаром», « бра гумша»... шояд ҳамин бошад. Аз эҳтимол дур нест, ки агар ҳамин гуна режими гуфтор бе тағйир идома ёбад, баъд аз 5 то 10 соли дигар рӯҳи Садриддин Айниву Турсунзодаву Ғафуров яке «аз Точикистон дидан кунад», ҳамаи шартномаашонро дар мавриди аз истифода мондан ва нофаҳмо шудани «Тоҷикон»-у «Ёддоштҳо»-ву «Достонҳо»-яшон бекор хоханд кард, зеро дигар ба дарди «забони модарӣ» намехурад. Пас агар мехоҳед аҳли тамаддун «шартномаҳояшонро» бекор накунанд, чорае биҷӯем, то ҷои забони асарҳояшонро забони кӯчаву бозор нагирад. Бо салом
Меҳрофарини Миллат аз дили Тоҷикистон - Душанбе
------------------------------------------------------

Салом ба ҳамаи кормандони Озодӣ! Хеле шодам, ки дар ин мавзӯъ назари моро ҳам ба инобат мегиред. Хуб, ба фикри ман, бадтар. Чунки агар одамонро водор кунӣ ба забони тоҷикӣ ҳарф зананд, даъво мекунанд, ки "шуморо русҳо ёд доданд ва хуронданд, бигзор ба забони русӣ озод сухан гӯянд". Мардум заррае ҷуръат надорад ё наметавонад барои пеш бурдани забони худ мубориза кунад, то ин ки дар Тоҷикистон ҳуввияти забони тоҷикӣ дар қалби ҳар як тоҷикистонӣ ҷой бигирад!!!
Modara
------------------------------------------------------

Ассалому алайкум. Забони тоҷикии мо баъд аз 4-5 сол 50/100 нобуд шуданаш мумкин, зеро дар кӯчаҳо мо имрӯзҳо мушоҳида мекунем, ки аксари ҷавонон 50/100 ба забони русӣ сухан мекунанд. 20 дарсад ба забони инглисӣ. Боқӣ мемонад 30 дарсад, ки ба забони тоҷикӣ гап мезананд. Масалан, дар кӯча агар касеро бибинӣ (дар миёни ҷавонон), мегӯянд: "Привет. Как ти? Саломатиёт? ОК. Хай." Охир, ояндаи мо ҷавонон ҳастанд ва агар ҷавонон забони моро нигоҳ надоранд, оё калонсолон баъд аз 20-30 сол куҷо мешаванд? Барои ҳамин ҷавонон худ нигоҳдори забон мебошанд дар оянда.
Тунис
XS
SM
MD
LG